Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 395 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 395 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Дароед, ота, масхарабозӣ накунед!
— Ун кас ҳамроҳи ман. Қил барои ҳамун кас.
— Чӣ хел?
— Фармон шуд, ки чумчуқ дошта диҳам.
Ҷувозкаш нону кунҷораро рўи дастархон бозгузошт. Хост қилро аз дасти Шайдо кашида гирад. Вале худдорӣ кард. Асабӣ шуда ларзидан гирифт.
— Чумчуқро чӣ кор мекунед, ота?
«Ҳӣ!»
— Бар падаратон лаънат, ота! – худдорӣ карда натавониста гуфт ҷувозкаш.
Шайдо аз ин муомилаи ногаҳонии ҷувозкаш дар шигифт шуд.
Баромад. Раҳораҳ тораҳоро бо панҷаҳояш шона зада, андешаманд мерафт. Дар бораи бародарон фикр мекард:
«Писарони Мўсо-дароз. Чаро ба ҳам монанд нестанд? Ё магар инаш сипоҳӣ дорад?.. Аз пайи асп гашта, дар ин гўрхонаи тира ба худ омадааст. Гуреза барин. Шинелпўш. Маро дида дар ҳарос монд. Гумон кард, ки барояш омадам... Оқсақолаш бим мекунад. Тагаш тар, гумонаш, ки боз ман об мерезам... Хайр... Бад ҷазояшро бинад... Ман ба ин гаранг чумчуқ дошта надиҳам чӣ?..
Мепарронад? Ба дораш кашад. Баландтар... Хайр, канӣ бинам, чӣ кор мекунад!»
Шайдо аз қил ба шакли нимноскаду тўр бофт. Баъд дар айвони чойхона нигарон истод, ки гунҷишке ба лонааш дарояд: ба ковокии байни вассаҳо. Ўро баччаҳо гирд гирифта буданд. Онҳо лоғар, рангзард, нимбараҳна буданд ва қариб бонавбат месурфиданд.
«Ин ҳунарро аз ҷанг ёд гирифтааст?» – пурсид яке.
«Ҳӣ!»
«Иқа «ҳӣ-ҳӣ» накун. Забоната ғунда газидааст-чӣ?»
Гунҷишке байни вассаҳо даромад. Шайдо домро бо нўги говрона бар сўрохӣ ниҳода, нигарон шуд, ки кай гунҷишк барояд.
Рафтори марди калон баччаҳоро аҷиб намуд.
«Ҳӣ!» – хандид баччае.
«Ҷим, лаққӣ, Мўсохон хафа мешаванд. А, Мўсохон?»
«Ҳӣ!»
«Дидед? – гуфт Қобили кабуд ба ҷўраҳо. – Ин беодам не».
«Мўсохон, ту шиноси наздик?» – ба Шайдо ишора карда гуфт Зариф, ки бо як камзўли селони сиёҳи занона худро печонда буд.
«Ҳӣ?»
«Пурс, ки отаи маро дидааст?»
«Қобил, худат пурс, вай хока намефаҳмад» – луқма дод баччае, ки аз хунукӣ пашмаки рўяш дамида буд.
— Амак!
— Ҳа!

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан