Худаш ҳам чизеро надид.
— О, аз дар яктарафа ист! – садо кард ҷувозкаш.
— Салому алейкум!
— Ваъалайкум ассалом! – шахси шинелпўшро дида ҳайрон шуд ҷувозкаш ва дар торикӣ тахминӣ пурсид. – Шайдоӣ? Ку даро!
Дуррр! – аспро боздошта мардак аз гирди кундаи ду-се метр аз сатҳи замин паст ҷойшуда давр гашта ба пешвози ў баромад.
– Канӣ-канӣ, саломат ҳастӣ, хуб ҳастӣ, тану ҷонат сиҳат? – ба оғўш кашид ўро.
— Шукр.
— Хайр нағз! «Чу!» – аспро шиддат кард ў.
Тўруқи якчашма вазни зеркундаю борсангро ба гардан бардошта, зўр зада, пой шикаста гирди кунда гашт. Чашми чапи тўруқро як лахт чарми сиёҳи тўморшакл гирифта буд ва асп кунда, тир ва пайраҳаи гирди кундаро надида, мисли моҳӣ досшакл, дар қадамгоҳи худ мегашт. Сари тир дар каҷаккоса соиш хўрда, дар расам-расами сақфи ҷувозхона нола дошт. Нолааш гоҳе гўшхарош ва гоҳе ҳузновар буда, ҳасрату шевани пиразанеро мемонд. Касро хаёли дур мебурд. Ба назари Шайдо чунин. Ҷувозкаш одат карда ба ин оҳанг ва хаёлу андешааш кўҳна гашта. Аммо ба чашми Шайдо аҷиб тофт. Чашмаш ба торикӣ одат кард: рўшантар тофт.
Аспи ба ин оҳанги табиӣ одаткарда ба як маром қадам мезад.
Ҷувозкаш дастархон андохта, нимта фатир монд ва ду бурида лабакии кунҷора ҳам. Ва баъд ҳайрати Шайдоро дида шарҳ дод.
– Аз чормағз. Чормағзи Таги Ғор. Насиби ту будааст...
Дари ҷувозхона ду-се бор торик шуд.
— Кадомӣ? – садо кард ҷувозкаш.
«Ҳӣ!»
— Ота, шумо? Ку, дароед!
— Додарзодаат, – шарҳ дод Шайдо.
«Ҳӣ» – сар аз дар намуд писарак.
— Гап зан, Шайдо!
— Чор-панҷ тор қил лозим шуд.
— Қил? – тааҷҷуб кард ҷувозкаш ва андешаманд бархеста аз паси асп гирди кунда гашта думи аспро дошт ва чанд тора гирди ангушт гардонда якбора канд. Ва бароварда ба Шайдо дароз кард.
Аз ларзиши дасти ў торҳо ҷон дароварда буданд. Шайдо қилро гирифта бархост. Ҷувозкаш нисфи фатир ва лабакиҳои кунҷораро ба ў дароз карда гуфт:
— Шайдо, насиба нагирифтӣ, ҳаминро барои баччаҳо бар.
— Не, миннатдор, ман дигар ҷо меравам.
— Не, нагў, Шайдо, медонам, ту аз ман хафа, лекин ҳаминро гирифта бар.
«Ҳӣ!»





