Аҷаб...»
«Ҳӣ!»
— Чӣ «ҳӣ!»
— «Ҳӣ-ҳӣ!»
— Шумо чанд нафар?
— Яктеш бас.
— Отат чанд бачча дорад?
— Панҷ-та.
— Ҳамааш ту барин?
— Ҳӣ!
— Кадоматонро бештар нағз бинад?
— Мана.
— Барои чӣ?
— Аз ҳама баақл...
Шайдо якбора ресмонро кашид. Мўсохон парида беруни дар баромад ва сўи сабад тохт.
— Ист, нарас! – таъкид кард Шайдо ва тозон рафта сабадро ковок карда даст даровард. Зери сабад паррандае пар-пар мезад.
Шайдо онро дошта берун гирифт. Мусича будааст. Ба писарак дароз кард. Ў мусичаро гирифта «Ҳӣ!» гуфт ва шартӣ гардан тофта, каллаашро ҷудо карду боло партофт: «Пар!»
— Барои ҳамин? – ҳайрон монда пурсид Шайдо.
— Не, чумчу-уқ!
— Хо-ок! – ҷаҳл карда сабадро бардошт: – Ма, бар!
Мўсохон сабадро нагирифта, фиғон бардошта сўи идораи падар тохт.
— Ота, чумчу-уқ! – аз дар даромада гуфт ў.
Шайдо ҳам сабад дар нўги говрона расида омад, ки ҳоло ҳам даштбон дар идораи оқсақол.
— Як чумчуқ дошта натавонистӣ? – таъна зад Абдул.
— Мусича дошта додам, не мегўяд.
— Мусича мумкин не. Мурғи ҳазрати Бибифотима.
«— Ота, чумчу-уқ!»
— Худам чумчуқ дошта медиҳам, гули амакаш! – аз харак ковок шуд даштбон.
— Сабр кун, худаш дошта медиҳад, – даштбонро боздошта гуфт оқсақол ва Шайдо сари хам аз дар баромад.
Бўи кабоб меъдаи ўро мекофт...
«Ҳӣ!» аз паси ў завқ кард писарак.
Шайдо ба ў эътиборе надода рафтан гирифт. Назди масҷид бозистод. Ба боми баланди он нигариста фикр кард, ки ба ин баччаи лояъқил гунҷишк дошта диҳад ё на: «Хайр, канӣ бинам, оқибаташ чӣ шавад?». Рафта-рафта ба ҷувозхона даромад. Баробари ба дар ҳозир шудан ҷувозхонаи чуқур торик шуд.





