Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 392 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 392 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Кори колхоз...
— Ҳм, – заҳрханда кард Абдул.
Аз берун зулфин садо дод ва дар кушода шуда марде даромад.
— Э мулло Шайдо, омадаанд-дия! – худро ба нодонӣ зад он мард – даштбон.
— Ҳа-а! – таҳдор ҷавоб дод ў ва даст дароз кард.
«— Ота, чумчу-уқ!».
— Э гули амакаш, асали амакаш, шакари амакаш! – даштбон ўро бардошт ва аз вазни писарак суп-сурх дам кард. – Чумчуқ лозим бошад, худам дошта медиҳам. – Даштбон ўро ба замин гузошт.
— Не, мана ин саллотро (ба ин калима оҳанги махсус дода) барои ҳамин ҷеғ задам. Фикр кунам, дигар одами бекор нест. Ба ҳамин якта чумчуқ дошта те.
«— Ота, чумчу-уқ!»
— Ҳамроҳаш рав, дошта медиҳад, – Шайдоро дар назар дошт ў.
Шайдо гап назада аз дар баромад. Говрона ба отанг зад. Хост, ки рост ба хонааш равад. Вале андешид: «Канӣ бинам, чӣ кор мекунад?» Қасдан писаракро ҳамроҳ гирифта ба саҳни анбори колхоз рафт.
— Номат чӣ буд?
— Мўсохон!
— Мўсохон номи бобот?
— Ҳа.
— Чумчуқ хоҳӣ, рафта аз хонаатон як сабад биёр!
Писарак тозон ба хонаашон рафт ва зуд як сабад бардошта омад.
Шайдо сабадро гирифта, ба дари коҳдон рафт. Фикр кард, ки дар назди дари оғил сабад гузорад ё дар даҳони дари коҳдон.
Нигоҳ кард, ки села-села гунҷишкон рўи поруи паҳлўи оғил нишаста хезанд. Як чангол коҳ гирифт ва бурда назди пору рехта тит кард ва он сабадро ковок дошта чўберо поя гузошт ва ресмонеро ба чўб баста, то дари оғил бурд ва даруни дари оғил даромада поида истод.
Шайдо дергоҳ аз дари оғил чашм ба сабад дўхт. Ҳеҷ не, ки гунҷишке омада аз коҳи зери сабад дон кобад. Чунин нигоҳ майдони ҷангро ба хотир овард, ки ҷуз овози тиру садои тўп чизе ба ёдаш намонда. Мудом бо марг дастугиребон буд. Имрўз хидматгори як махлуқи худост, ки ба рўшноӣ овардаасту чизе надодааст:
на ақл, на фаросот ва на ҳусн: лек шодмониаш фаровон: хандаду завқ барад ва фиси пушти лаб шоридаро забон занад, баъзан бо пушти даст ё нўги остин пок кунад... «Дар ҷанг намурӣ, хор нашавӣ, таҳқир нашунавӣ, вале дар хонаи худ маймун шавӣ, масхара шавӣ...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан