Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 391 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 391 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Соро, дар ягон ҷо радио ҳаст? – яке дигар тараф рафт Шайдо.
— Дар идораи колхоз ҳаст мегўянд. Чӣ кор мекунӣ?
— Рафта гўш кунам, ки аскарҳои мо то куҷо рафтаанд...

4

Шайдо радио гўш мекунам, гуфту нарафт. Дар идораи колхоз будааст, гуфта нарафт, балки каландашро гирифта баромад, вале куҷо рафтанашро надонист. Зеро корҳои саҳро тамом шуда буданд.
Кишти тирамоҳӣ, ки дар он соҳили Зарафшон. Шайдо баргашта отанг ва говронаи дар гурбадави паҳлўи хона гузошта ба ҷанг рафтаашро гирифта, кўчаро сарнишеб шуд, то ҳамроҳи ҷуфтгарон равад. Вале дар даҳанаи тангкўча ба як писарак дучор омад.
Писарак ўро дида ба шинел ва телпаки ў нигоҳ карда истод. Чизе гуфтанӣ буд, лек нафаси тезшудааш ба сухан роҳ намедод.
— Нағз ҳастӣ, баччаи Раҳмон? – пурсид Шайдо ва барои вохўрӣ даст дароз кард.
Писарак шерак шуда вохўрӣ кард ва ба гап даромад:
— Амак, ба идораи ҷамоат равед будааст, – гуфта як қадам ақиб истода ба Шайдо роҳ кушод: баъд ба баччаҳое, ки гурўҳ шуда ба сару либоси Шайдо ҳар ранг нигоҳ мекарданд, ифтихорманд нигарист: «бинед, ман бо ў вохўрӣ кардам».
Шайдо истод-истоду говрона ба санги сиёҳи девор зад: «Тобатоба-тоба...» ва дилу бедилон сўи идораи ҷамоат рафт.
— Мумкин?
— Ҳум.
Шайдо даромаду ба димоғаш бўи арақ зад.
Оқсақол ба ў рухсат дод, ки дарояд, вале эътибор надод. Бо як ҳавасу ҳавсалаи тамом ба писараш менигарист. Шайдо ҳам гап назада даруни дар рост истод ва ба рафтори падару писар диққат дод. Писарак ба ишораи тамаъ ҳар дам ба сўи падар гардан каҷ дошта, мисли тойчаи маст кишна мекард. Ў даст боло кард ва «Ота, чумчу-уқ!» гўён аз риши падар сахт гирифт.
— Ҳозир, писарам, ҳозир! Ту ин хел набудӣ-ку?
«Ота, чумчу-у-уқ!!!»
Мардаки тулум қомат рост карда хестанӣ шуд ва писар риши ўро сар дода завқ кард.
Дар рўи миз дар табақи сафол кабоби нимхўрдаи шабмонда меистод ва дар назди писарак рўи бурдаи нон як лўнда лаҳми пухта, ки равғанаш ях баста буд. Устухонҳо нимхой буданд ва бо бурдаҳои нон омехта. Дар дасти писарак буҷул буд ва онро ҳар лаҳза ба даҳон бурда пайи часпидаро бо дандон тарошида суфта карданӣ буд.
— Отангу говрона дорӣ? – киноя кард Абдул.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан