— Чӣ ин қадар хаёл мекунӣ, Шайдо? – тоқат накард ў.
— Ҳама ҳамин хел шудагӣ ё баъзе касон?
— Чӣ хел? – ҳайрон шуд Соро.
— Оқсақолу даштбон барин.
— Не, Шайдо. Ҳама онҳо барин не. Дар деҳаамон одамони хуб бисёр. Агар ҳама мисли онҳо мебуданд, худо донад, ки дар деҳа то имрўз одам мемонд ё не? Як кас намонда кўчида мерафт, – ба гап даромад Соро. Шавҳар миёни гапи ўро нашикаста бодиққат гўш дод. – Ҳама мегўянд, ки онҳо бегона барин: хайр, даштбон
– омада, вале Абдулро чӣ дев задааст?
— Вай ҳам омада, Соро, бегона.
— Чӣ хел?
— Зоту зурёташ барои мо, ба сохти мо бегона, гилаш дигар.
Соро дигар аз ў чизе напурсид. Ба фикр рафт, ки чаро то алҳол ин фикр ба сараш наомадааст.
— Лекин, Шайдо, – боз ба гап даромад ў, – лекин, Шайдо, мегўянд, ки даштбон ду писар ба ҷанг фиристод ва азоби он ҷоро донад, барои ҳамин нахоҳад, ки як дона гандум беҷо шавад. Шартнома гуфтагеш, гуфтагӣ. Аммо надонам, барои чӣ ин қадар бо Абдул унс гирифтааст. Шабу рўз дар хонаи шон...
— Шояд ҳамин хел ҳам бошад, Соро. Шояд ҳар ду ягон фикр дошта бошанд. Эҳтимол барои кори колхоз, барои ҳосил ин қадар ба мардум ганда шаванд, инро касе надонад, колхозчӣ инро нафаҳмад... Колхоз шартнома дорад, шояд дар ин миён ягон гап бошад. Ё аз район ягон супориш шудагист...
— Ҳамин хел-у, наход, ки аз район гўянд, ки фалонӣ-фалониҳоро сахт гир, азоб деҳ, писари Шайдоро мурданивор зан...
Баръакс бояд гўянд, ки ба фарзандони ҷанговарон ёрӣ бидеҳ.
Ҳамин хел не?
— Ҳа, бояд ҳамин хел бошад. Лекин ту ин чизҳоро фикр накун.
— Ту омадӣ, акнун дар бораи ягон чиз фикр намекунам... Ҳамту гуфтам, ки огоҳ бошӣ... Не-е, Шайдо, деҳа ким-чӣ шудагӣ. Ёдат ҳаст, ки амаки Амон тамоми деҳаро кўча ба кўча гашта ба тўй хабар мекард? Акнун бригадир фарёд мезанад, ки зудтар ба кор баро... Нагўяд ҳам, ҳама мебароянд-ку!
— Парво накун, амаки Амон боз ба тўй хабар мекунад, агар овозаш нарасад, ҷавонтарҳо ёфт мешаванд...
— Ман ҳам ҳаминро мегўям, Шайдо, лекин чаро оқсақол ҳамин чизро фикр намекунад?
— Ҳоло ба сараш назадааст. Баъзеҳо гумон доранд, ки мо ҷангро бой медиҳем, барои ҳамин, чӣ кор карданашонро надонанд, калаванд. Одам ақлашро гум кунад, доим калавад...
Чой хунук шуд. Гандумбирён ҳам истодааст, гўё «Ҷовид хўрад»
гуфта қасдан нахўрдаанд.





