Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 389 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 389 аз 470 · 3 ноябри 2026

– аз дарун садо дод ў ва як тоба гандумро ба деги тафсон андохт. Баъд кафлеси сиёҳро гирифта кофт. Донаҳои гандум аз тафси дег пиқ-пиқ садо дода, парида даруни дег бозӣ мекарданд,
1 бирён мешуданд. Ў гандуми бирёнро бардошта, як тобаи дигар андохт.
— Соро, даштбон барои чӣ Ҷовидро зад? – баногоҳ пурсид Шайдо.
Кафлеси дасти занак бозистод. Вале донаҳои гандум бозӣ доштанд.
— Аз кӣ шунидӣ?
— Ман тахтапушти баччаро дидам.
Соро кафлесро даруни дег монд, аз сари ошдон бархост. Донаҳои гандум парида аз дег берун мебаромаданд. Соро ба шавҳараш ҷавобе гуфта натавониста ба мунда нигарон монд.
— Гандум сўхт, Соро! – дуди дегро дида гуфт Шайдо.
Соро бепарво гандуми сўхтаро ба табақи дигар ҷудо бардошта, хеле фикр кард, то боз гандум бирён кунад ё на! Ба шавҳараш нигашт, баъд ба мунда ва онро бардошта боз як тоба гандум ба дег андохт ва оташро аз нав афрўхта гандумро кофт. Бирён шуд.
Тобаи аввалро андохт. Каме кофт, ҷамъ кард. Баъд аз болояш намакоб рехта кофтан гирифт. Гандум тар шуд, хушк шуд, сафед гашт. Гандуми бирёнро бардошт. Намакоб то ними дег сап-сафед шўша (шўра) гузошта буд.
Соро ба чойник пўстлохи себ андохта чой дам кард ва табақу чойникро ба шавҳараш дод, ки хонаи калон барад ва худ як хокандоз лахча ба сандалӣ бурд...
— Гир, Шайдо, – чанд дона гандумро ба даҳон андохта хоҳиш кард Соро.
— Дилам намекашад.
Соро гандуми кафашро баргашта ба табақ рехт ва донаҳои даҳонаш ҳайрон монда нам кашиданд.
— Гуфтам-а, чаро ҳама маро диданӣ омаданду даштбон наомад... Барои ҳамин шуда? – гандумбирёнро нишон дода гуфт Шайдо.
Соро даст зери кўрпаи сандалӣ кард. Баъд гўё ки аз ин сухан ранҷида бошад:
— Ин хел нагў, Шайдо, мардум барои як дони ин ҷон диҳанд,
– гуфта аз даруни сандалӣ чойники чойро берун овард ва як пиёла гардонда ба шавҳараш дароз кард.
Шайдо пиёлаи чойро гирифта наздаш гузошт ва ба андеша рафт. Соро ҳам гўё ки ба фикри шў халал расондан нахоста бошад, донаҳоро зери дандон пахш карда истод.

  1. Як тоба – нимча: нимхўрд: ним кило: ду пиёла.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан