Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 388 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 388 аз 470 · 3 ноябри 2026

Писарак чизе гуфтанӣ буд, вале чиро андеша кард, ки хомўш шуд. Мардак саропои писарро аз назар гузаронд. Коркўфта ва хеле хаста намуд. Қадаш ҳам наёзидааст. Вале нигоҳу андешааш дигар хел: аз они одами калон барин. Шайдо ҳам гумон кард, ки шояд аз ҳамин рў аз фикраш гашта хомўш шуда бошад. Ў баробари падар гаштан хоҳад: қадам кушод гузошта, китфу бозу бардошта, лангар дода, сар баланд дошта... Мебинад, ки ба ў баробар шуда наметавонад, ба як қадами падар ду қадам занад.
— Чӣ гуфтанӣ будӣ, писарам?
— Ҳеҷ чӣ, додо... Очам ҳар рўз мегирист. Омадед, гиряаш бас шуд... Додо!..
— Ҳа, баччем?
— Шумо зўр ё даштбон?
— Надонам, баччем... Чӣ буд?
Ҷовид ба ҷои ҷавоб дар ҳавои хунук як остини ҷомаи алочаро бароварда ва куртаи карбос бардошта, тахтапушт ба падар нишон дод. Шайдо як назар дар тахтапушти ў ду рахи сиёҳро дида, дилаш таҳ зад ва зуд домони ўро фароварда гуфт:
— Зудтар гард, баччем, хона равем.
Ҷовид қоматашро рост карда, роҳравон остин пўшида, тезтар гашт. То ба хона расидан дили Шайдоро гургони хаёл тала карданд. Ў напурсид, ки ин захми сиёҳ чист. Аз дарвоза даромад ва тоқати то хона рафтан накарда, дарвозаро пўшид ва хунук бошад ҳам, зери дарвозахона домони ўро то гардан бардошта, тахтапушташро хабар гирифт. Фурсати пурсидани падарро нигоҳ накарда – Даштбон зад додо, – гуфта гирист Ҷовид.
— Ҳ-ҳеҷ гап не... п-писарам. Мегўянд, ки домулло Айнӣ дар тахтапушташон аз ҳамин хел рах 75-та доранд. Лекин бин, чӣ хел одам.
— Шумо ҳам тарафи Ҳосилот, додо, дилатон намесўзад. Ман сарак начинам, очам аз гушнагӣ мемурд.
Шайдо садодор хандиду аз гардани ў оғўш кард ва сараш ба паҳлўи рост дошта, сўи хона қадам зад: «Ҳеҷ гап не. Шаттаю шаллоқро мард бардорад, писарам».
Рў ба рў Соро баромад. Дар даст кўзае дошт. Дар остонаи ошхона бозистод. Шайдо гўё ўро надида бошад, худро даруни оғил гирифт ва оби дида хушконда бо табассум баромад. Соро ҳоло ҳам кўза ба даст дар остонаи ошхона меистод.
— Чӣ мегуфтааст, Шайдо? – гўё ҳеҷ чизро пай набурда пурсид зан.
— Ҳамон гап, – маҷоли сухан надошт, ки кўтоҳ ҷавоб дод ва ба кўзаи дасти занак нигарон монд.
— Сараки Ҷовид ҷамъ кардагӣ. Ба ният руст карда будам, ки биёӣ, кушоям, – гуфта Соро мундаро ба замин гузошт ва лои даҳони онро канда, боз бардошта ба ошхона даровард. – Дег тасфидааст!

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан