Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 387 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 387 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Худо умраша диҳад, Абдулаш бисёр писари хуб-дия.
— Ин чӣ нағма, амак? – ҳайрон шуда пурсид Шайдо.
— Нағма не, додарам, ақлат бошад, шаҳодатномаи Ҷовидро ҳам ҳамин хел карда гир.
— Чӣ ҳоҷат?
— Ту намефаҳмӣ. Азоби ҷангро худат дидӣ ва аз рўи шунидам...
Ҳа, хурд андозӣ, то повистка меояд, ки писарат зану баччадор,
ришу фишдор мешавад, калон андозӣ, повистка меояд, ки ў ҳоло кўдак аст.
— Ин кори паст, аз хиёнат ҳам пасттар!..
— Додарам, ҳама гўяд ҳам, ту нагў, худат азоб кашида, гурехта омадӣ...
— Кӣ гуфт ин гапро?! – ларзида рафт Шайдо.
— Ҳама...
— Шумо то кас намурад, бовар намекунед, ки... Ба ун Абдули
нағзатон фаҳмонда намешавад, ба шумо ҳам. Гуреза – шумо, ў,
наход, ки ман! Ба болои ба ҷанг нарафтанатон боз ин хел корҳои паст мекунед.
— Ту кофир шуда рафтӣ, қадри фарзандро чӣ донӣ!
— Ҳар қадар фарзанд ширин бошад, Ватан аз он ширинтар аст...
— Додо! – миёни сўҳбати онҳоро садои писарак шикаст.
— Ҳа, Ҷовид? – як қад парида ба пас нигарист Шайдо.
— Очам гуфтанд, ки аз додот хабар гир.
— Аз ман чӣ хабар мегирӣ, баччем?
— Ёд кардагист-дия, – ба ҷои Ҷовид бепарво ҷавоб гардонд
пирамард. Аз ин ҷавоби ў Ҷовид рамида каме қафо истод.
Хомўшӣ ба миён омад. Пирамард аз ин сухани ноҷо ва беҷавобаш хиҷолат кашид, лангида-лангида рафт.
— Додо!
— Ҳа!
— Шумо гашта меравед?
— Не.
— Одамон мегўянд, ки меравед,
— Не, Ҷовид, лозим шавам, меравам, лекин ман ҳоло лозим нестам.
— Набошад, ман равам, додо?
Шайдо, ки паҳлўи писараш қадам зада мерафт, сар ҷунбонда гуфт:
— Ту ҳоло кўдак, писарам.
— Чӣ хел кўдак, ман калон, додо! – сари дилаш пур шуда гуфт Ҷовид.
— Рост, ту калон шудаӣ, писарам, – сари ўро сила кард падар.
– Вақташ расад, меравӣ, хизмат мекунӣ, шери додо...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан