— Ту маро хоҷа гумон кардӣ!
— Ту ҳам маро гўл гумон накун. Хаёлат, ки ман ҳам мисли омиён туро болобардор кунам! Повесткаи одамонро ту медиҳӣ, хостагиатро ба ҷанг мефиристӣ гўям, тарсам? Не-е, ман решаҳои инро медонам ва ҳеҷ гоҳ дар ин бобат эътибори ту боло намешавад, Ночиз ҳастӣ ту дар ин кор. Мардумро натарсон... Чашми баъзеҳоро бастан мумкин, вале даҳону фикри ҳамаро баста натавонӣ. Инро ба гўшат ҳалқа кун ва дигарбора маро сарсон карда ин ҷо набиёр. Мон, ман бо дарди худ овора шуда гардам...
— Гурезагӣ ҳам магар дард дорад?
— Нокас будаӣ ту, ноодам будаӣ ту... Кулўхи баччашм, ман аз ту хўрдаю шарманда нестам, худат ба чашмат дидӣ, ки маро аз госпитал ҷавоб додаанд, боз...
— Ха-айр, – ришашро каф зада таъкид кард Абдул ва баъд асабашро ором карданӣ шуда нўги риш ба даҳон бурда хоидан гирифт.
Шайдо аз идораи ў пушаймон шуда баромад, ки чаро омад.
Сархам рафт: «Чаро ман ҳамаи гапро кию чӣ будани ўро дар рўяш гуфта натавонам? А, чаро нагўям? Барои он ки кӣ кас, чӣ зот буданашро надонад? Шайдо, ин чизро гуфтан ба шаъни ту назебад, – ба худ маслиҳат дод ў, – Зоту зурёташ ба худаш насиб кунад... Хайр, ман тагу тирези ўро ба ҳама гуфтам. Баъд чӣ?...
Не... Ҳар чӣ ҳаст, дар дилам монад, лекин оҳиста-оҳиста ман ин чизро ба ў мефаҳмонам... Аввал ба раис...».
— Салом, Шайдо! – хаёли ўро пароканд Искандари ланг.
— Салом, амак! – баҳузур баргашта ўро дида ҷавоб гардонд Шайдо. – Нағзед, амак?
— Шукур, додарам. Хайрияте, омадӣ, – гуфт ў ва ба Шайдо даст дароз кард. Кўдак ҳам ба телпак ва шинели аскар ҳавасаш омад, ки сўи ў майл кард. Шайдо ҳам даст дароз кард, ки ўро гирад, вале падараш дигар хизмат фармуд: – Додарам, ту чашми хат дорӣ, – аз бағали писараш чизеро бароварда, – ҳаминро бин канӣ, чӣ навиштаанд?
— Шаҳодатнома...
— Медонам, шаҳодатнома. Лекин хон канӣ, чӣ навиштаанд.
— Шаҳодатномаи таваллуд...
«Ном ва номи падар – Искандаров Худодод.
Соли таваллуд – 1928.
Ҷои таваллуд – с/қ Гулпўш...»
— Худодод кадом писаратон?
— Ана ҳамин, – кўдаки сари дасташро нишон дод мардак...
– Тўғрӣ кардас, охир?
— Чиро?
— Гуфта будам, ки солашро калон андоз. Андохтас, охир?
— Ҳа, андохтас.





