Чаккаҳояш сафед шудаанд. «Ин қадар барвақт?»
дар дил пурсид мардак. Гўё имрўз аввалин бор ўро дид. «Ин қадар бармаҳал?» такрор кард ў.
Ин вақт аз дарвоза: «Ҷовид, ҳо Ҷовид?! – гуфта боз ҷеғ зад касе.
— Ҳа-а?! – ҷавоб гардонд Шайдо.
— Амак, оқсақол шуморо ҷеғ доранд!
— Гўй, ки корҳояшонро сомон кунанд, меоянд.
— Ҳа-а! – гуфта қосид дарвозаро пўшида рафт.
— Шайдо, вай чӣ мегуфта бошад? – пурсид Соро.
— Чӣ мегуфт? Боз ҳуҷҷат мегуфтагист.
— Чӣ, ҳуҷҷат надорӣ магар?
— Дорам.
— Хайр, боз чӣ хоҳад?
— Хоҳад, ки ман зудтар аз ҳамин ҷойҳо дафъ шавам. Ба ў халал нарасонам.
— Ба ў чӣ халал мерасонӣ?
— Девори намкаш-дия, гумонаш, ки ман ба ҳама кӣ будани ўро фош мекунам.
...Шайдо дар ҳавлӣ коре наёфт, ки кунад. Ба назараш, ҳама корро аз нав кардан лозим буд, ҳатто хонаҳоро аз нав бояд сохт.
Ў хавозаҳои шикастаро ҳам аз назар гузаронд. Ҳавлӣ саҳл монда, ки вайрона шавад. Шайдо дар сар нақшаи обод кардани онро кашид ва аз сўрохиҳои боми дарвозахона осмонро дида гумон кард, ки дилу ҷигараш инчунин сўрохиҳо дорад. Баъд сархам ба идораи ҷамоат рафт.
— Ассалому алейкум! – одоб карда даромад ў.
— Ҳум... – гўё алейк гирифт Абдул, вале сар набардошт.
— Ҷеғ задӣ?
— Шумо худатон кӣ? – фўк ҷониби Шайдо теғ карда беэътиноёна пурсид ў.
— Ман? Магар намешиносӣ?
— Не, амалат, вазифаат?
— Амалу вазифа надорам.
— Ҳамин хел, ки бошад, чаро ба як даъват намеоӣ?..
— Корам буд.
— Корро мон. Ғаматро хўр... Коғаз омад, ки ту аз ҷанг гурехтаӣ...
— ...
— Ҳуҷҷатҳоятро ба ман деҳ!
— ...
— Чӣ ин қадар нигоҳ мекунӣ? Ҳуҷҷат мепурсам!
— Ту ба ман ҳуҷҷат надодаӣ ва ҳуқуқи гирифтан ҳам надорӣ!





