Табассум кард. Соро пай бурд, ки табассуми ў сохта аст, барои дили ў шуда табассум кунад. Маълум, ки дар дил гапе дорад, вале гуфта натавонад.
— Ту аз омаданат шод нестӣ, Шайдо? – сабаби нахандидани шўро донистанӣ шуд Соро.
— Чаро шод набошам?
— Гап намезанӣ, шодӣ надорӣ?
— Аз ин хел омадан дар ҷанг қурбон шудан... беҳтар.
— Нагуфтам, ки ту аз омаданат шод нестӣ? – малўлона гуфт Соро.
— Ту ба ин чиз дахл надорӣ, Соро. Ту гўй, ки раис пеш ё оқсақол?
— Чӣ хел?
— Нусрат пеш раис шуд ё Абдул пеш оқсақол?
— Абдул... Абдулро раиси пештара саводи кўҳна дорад гуфта, тавсия кардааст.
— Пас Нусрат аз кирдори Абдул хабар надорад... – ба худ гуфт Шайдо.
— Ту рафта кию чӣ будани Абдулро ба раис фаҳмонданӣ ҳастӣ?
— Не, Соро, гумон накун, ки ман ҷанг рафта–омада ақламро гум кардаам. Ман ҳеҷ вақт ин кори пастро накунам. «Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр, зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад», гуфтаанд. Ҳоҷат ба хабаркашии ман намонад.
— «Ҷовид, ҳо Ҷовид!» аз дарвоза садо омад. Соро баромада нигоҳ кард. Писараке сар аз дарвозаи нимроғ дароварда ҷеғ мезад.
«Амаки Шайдо ба идораи ҷамоат мерафтаанд» гуфта зуд баргашт ва Соро нашинохт, ки ў кӣ буд. Соро парешон ба хона даромад ва «Ту барин имшаб хобаш набурдааст» гуфта хабарро расонд.
Шайдо дергоҳ дар кунҷи сандалӣ сукут варзид. Боз байни абрўвонаш гиреҳ зад. Баъд ба сандалӣ такя карда хест ва остини шинелро пўшида берун баромад.
— Телпакатро пўш, ҳаво хунук. – Телпакро берун оварда гуфт Соро.
— Не, мон, Ҷовид пўшад, ҳавас кардааст.
— Вай бачча, Шайдо, ҳар чӣ гуфтан мегирад, сари ту луч.
Ақаллан то рўзи бозор пўш, рўзи бозор ба ягон бозорчӣ тоқӣ таъин мекунем.
Шайдо телпаки хокиранг ба сар гузошта, тугмаҳои шинелро гузаронда аз дарвоза баромад.
— Ба назди оқсақол меравӣ, Шайдо? – аз пас садо кард Соро.
Шайдо ба ҷои ҷавоб қафо гашт ва оҳиста-оҳиста пеши ў омад. Ба сару рўй ва чашмони занаш нигарист. Гирди чашмонаш ҳалқаҳои сиёҳ пайдо шуда, дар гўшаҳои чашм чанд оҷинг ҷўя баста буданд.





