Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 383 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 383 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Бедор кунед, оча ин қадар гиря накунанд, дилашон об мешавад, – гуфт Ҷовид бархоста ва сари болини ў омад.
«А-а, а-а-а!» – баланд фарёд зад ў ва бедор шуд.
— Додо, додо, чӣ шуд ба шумо?
— А? А?
— Чаро гиря мекунед?
— Ҳа, вай ноинсоф Сергейро кушт. Ў вақти омадани ман зинда буд, ноинсофи Абдул ўро кушт.
— Абдули ҷамоат? – пурсид Соро.
— Ҳа. Хоб набошӣ, Сергей дар ҷанг, Абдул дар хонааш... Ба Сергей ягон гап шуд.
— Шаб фикру хаёл карда хоб рафтӣ, барои ҳамин, – дилдорӣ дод Соро.
— Кошкӣ ҳамин тавр бошад... Ту хоб кун, писарам, – ба Ҷовид муроҷиат кард ў. – Ба хаёлам, мисли Сергей дигар одам намерўяд.
Ба хизмати ҳама мерасид. Ҳама барои ў ёру бародар... Ваъда карда будем, ки баъди ҷанг ба хонаи ҳамдигар меравем...

3

Субҳ надамида Соро ба ошхона гузашт ва оташ гиронда, гардсўз (атолаи ордбирён) пухт. Баъд ба сандалӣ як хокандоз лахча андохт. Кўрпаи рўяш аз таги кўрпаи сандалӣ гузаронда шуда буд ва пои Шайдо то кодоки сандалӣ мерафт, баробари оташро ба сандалӣ андохтан пои мардак тафсид. Ў баробари аз ҷогаҳ берун шудани Соро бедор шуда буд, вале ба хестан хушаш наомад.
Ҳоло ки ба танаш андаке гармӣ давид, кўрпаро аз болояш дур андохта ва шинелро сари китф гирифта берун баромад. Дар оби равони ҷўй дастурўй шуста омад ва мўи расидаи писарашро каме аз пешонӣ паҳлў гардонда, то омадани Соро ба рўи ў нигарон истод ва баробари пўшида шудани дари ошхона ба кунҷи сандалӣ гузашта нишаст. Атолаи косаи болои сандалиро ошомид.
Ба назараш, андаке ҳаракати беҷо кунад, писараш бедор мешуда бошад, косаро бозгузошт. Оринҷҳо болои сандалӣ такя монда ба хаёл рафт: «То кай ҳамаи инро дар дил дорам? То ба кай азоб кашам?.. Магар ҷуз ман инро касе надонад? Нусрат раис шудааст, одами солхўрда, инро надонад? Бояд донад, вале чаро рўихотир кунад? Намедонам».
— Шайдо! – паридани мушакҳои рўй ва лаҳза ба лаҳза гиреҳ задани байни абрўвони шавҳарро дида ба ў муроҷиат кард Соро.
— Ҳ-ҳа!
— Ин қадар чӣ фикр мекунӣ?
— Ту ин ҷо хуб азоб кашидӣ гуфта, фикр мекунам.
— Ҳамааш фаромўш шуд, Шайдо, – гуфта Соро сақфи синаашро ба сандалӣ ҷафс кард ва баъд аз ду тараф дастонашро аз зери сандалӣ боло бароварда, харпанҷа андохта истод. Шайдо дароз шуда дастони ўро миёни дастонаш гирифта андаке ба писараш нигоҳ кард ва сонӣ рост ба чашмони Соро нигарист.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан