Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 382 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 382 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Дурўғ нагў, ман ҳамаашро медонам.
— Дурўғ не, Шайдо... Фақат оқсақол.
— Чӣ гуфт?
— Ту розӣ бошӣ... ман шавҳаратро аз ҷанг ҷеғ зада гирам...
Шайдо дам ба дарун шуд. Боз рўболо гашт ва аз сақфи торики хона чизеро ҷустуҷў кард. Ба назараш дар кодокҳо заррачаҳо ҷило доданд, хонаро равшан карданӣ шуданд. Шабаҳҳо пайдо шуда гоҳ-гоҳе ба шакли Абдул гаштанд.
— Барои чӣ? – ба маънии гапи занаш сарфаҳм нарафта пурсид Шайдо.
— Намедонам...
Шайдо сари ҷогаҳ нишаст, дастонашро ба ҳам соидан гирифт ва ангуштонашро қирс-қирс садо дода, оҳи вазнин кашид.
— Ту хафа нашав, Шайдо. Гапи зиёд нашудааст.
Шайдо ба ҷои ҷавоб лаби поёнашро зери дандон оварда оҳиста-оҳиста хоидан гирифт.
— Худат гап зан гуфтӣ. Акнун хафа мешавӣ.
— Не, хафа нашудаам.
— Қариб оламро гаштию ҳоло ҳам кўдакҳо барин фикр мекунӣ.
— Хаёлам, фикр накунам, нони хўрдаам ҳаром бошад.
— Ин чизро ҳаромхўрон фикр кунанд...
— Ман дар бораи худам фикр мекунам...
— Хайр, биё мон, омаданат барои ман давлати калон. Ҷовидамон зинда бошад.
— Чӣ, оча? – аз пешгаҳи хона сар бардошта пурсид Ҷовид.
— Ту бедорӣ, писарам?
— Не, оча...
Соро аз китфи шавҳар кашид, то хоб кунад. Шайдо дароз кашид. Соро боз пушту паҳлўи ўро молид ва пас аз хеле фурсат «Шайдо, ту хеле дигар шудаӣ, хурд шудаӣ, борик шудаӣ...» гуфт, вале ҷавобе нагирифта, афзуд: «Ҷавонтар шудаӣ, Шайдо». Боз ҷавобе нагирифт ва гўш пеши нафаси ў оварда донист, ки хоб рафтааст. Оҳиста кўрпаро то зери манаҳи ў овард ва худ низ нафаси дароз кашида хоб рафт. Чашмаш хоб, вале фикраш бедор буд, ки Шайдо фарёд зад:
«А-а-а! Сергей, бародари азиз! Намур! Намур!.. Чашмонатро кушо!.. Аҳду паймон чӣ буд?.. Ман ба зану фарзандони ту чӣ мегўям?»
Соро шавҳарашро бедор накард. Сари ҷогаҳ нишаст ва ба мардак нигарист. Ў кўдаквор мегирист.
— Оча?
— Ҳа, писарам.
— Додом чаро гиря доранд?
— Хоб мебинад, баччем. Ту хоб кун, бевақт шудааст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан