— Чаро як умр гапро дар дил мағор гиронда мегардӣ? Оби ҳавз равон набошад, бўй гирад, гўянд, Шайдо. Чаро ба худат раҳм намекунӣ?
— Дигарон ба ман раҳм кунанд, ман ба худам чӣ раҳм карда метавонам? – рўи ғўлаи назди дари ошхона нишаста гуфт Шайдо,
– Ман омаданӣ набудам, Соро. Маро фиристоданд... Ба чашмат бинӣ, баъд бовар мекунӣ. Хайр, одамҳои «баргашта равем» мегуфтагӣ бисёр. Дасту пояшонро парронда, маҷрўҳ шуда баргардем, гуфтагиҳо ҳам ҳастанд... Ватан-а! Ватан месўзад! Лекин сарбози ҳақиқӣ аз байни он дуду оташ баргардам намегўяд... «Сўзаму Ватан ҳимоя кунам» мегўяд... Лекин ин нобакорон дар ин ҷойҳо чӣ корҳо карда гаштаанд... Боз ту мегўӣ, ки гапро ба дилат мағор занонда мегардӣ... Ба кӣ мегўӣ? Магар кӣ будани ўро раис намедонад, одамони деҳа намедонанд? Дар район ҳам бояд донанд...
— Бало ба пасаш, ҷазои бадро худо диҳад, – ўро ором карданӣ шуд Соро.
— Не-е, уҳу! – оқибат буғзи дар сари дилаш омадаро дошта натавониста сурфид Шайдо. Соро худдорӣ карда натавониста шикастадил пурсид:
— Чаро месулфӣ, Шайдо?
— Ҳамин хел, нафасам гирифт.
Соро пай бурд, ки ў чизеро пинҳон дошта, дурўғ гўяд, дигарбора напурсид. Ва шаб, вақте ки пои омаду рафт аз хонаашон канда шуд, қатраҳои ашки ҳасратро ба рухсорааш шоронда тахтапушт ва дасту пои шавҳарашро молид...
— Соро!
— Ҳа!
— Кўфти солҳои зиёд аз танам рафт, – миннатдорӣ кард Шайдо.
— Кошкӣ! – кўтоҳ ҷавоб дод Соро ва дигар гап наёфт, ки гўяд.
Баъд дергоҳ хомўш истод.
Шайдо рўболо гашта даст ба рўи занаш бурда, зери чашмони ўро палмосид, нами чашмони ўро тоза кард.
— Барои омадани ман гиря мекунӣ, Соро?
Соро сар ҷунбонд, вале Шайдо надид ва гумон кард, ки ў ҷавобе нагардонд.
— Чаро гап намезанӣ?
— Чӣ гўям?
— Наход ин қадар вақт дар деҳа ягон гап нашуда бошад?
— Гапи зиёд, вале нолозим.
— Чӣ хел? – паҳлў гашта пурсид Шайдо.
— Азоб.
— Ин чиз дар ҳама ҷо. Саросари Ватан дар ташвишу азоб...
Лекин гўй, ки ягон кас туро наранҷонд?
— Не, Шайдо, ҳеҷ кас.





