Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 380 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 380 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳамаро даҳани амма гумон накун. Мурғе, ки ту пар меканӣ, дигарон куштаанд... Лекин ту чӣ ба ман чаққа шудӣ? Падаратро куштам? Бародаратро пеш андохта, ба ҷанг бурда, ба тири душман дода омадам? Чӣ кардам ман ба ту?.. Фарз кардем, ҳамин тавр ҳам шуд: ман туро, бародаратро ҳамроҳ ба ҷанг мебурдам, ту набояд аз ман хафа мешудӣ. Ин қарзи ҳамаи мо: қарзи ман, қарзи ту, қарзи бародарат. Барои ин набудагист. Ягон гапи дигар ҳаст... Аз худат, аз сирру асрорат, аз тагу тирезат тарсӣ. Натарс.
Ман ту барин не...»
Шайдо роҳ мерафту аз наздаш кӣ мегузашт, намедид. Абдулро сарзанишкунон мерафт: «Ноасил, ту қадри одаму оламро чӣ донӣ?
Аз остонаат берун набаромада бошӣ? Аз куҷо фаҳмӣ ин ҳамаро.
Падарат нафаҳмид, амакат нафаҳмид, сарҳадҳоро давр гашта омад, тавба карда омад, пушаймон шуда омад, нафаҳмид. Магар ту дар гирди худ давр гашта ин чизро мефаҳмӣ?! Ту аз ҳамин тарсӣ. Не-е, ман ту барин нокас нестам. Онҳо мурданду рафтанд. Аз гуфтану нагуфтани ман чӣ суд?... Падари ман барои ин сохт – сохти нав сар бохт, ман онро ҳимоя карда натавонам?.. Ҳоло ҳам одамон гўянд, ки дар парчи пули Исматулло босмачиҳо падари Шайдоро буз кашида буданд... Магар он манзара аз ёди ман меравад? Магар мани ятиммонда ватани худро бад дида тавонам? Гўё дар он фоҷиа амаки ту ҳам ширкат дошт. Инро ҳама донанд, лекин ту онро бояд паноҳ дорӣ... Муборизаи ту бо ман аз ҳамон ҷо...»
— Ба ту чӣ шуд, Шайдо? – аз рўҳи парешони шавҳараш рамуз гиряфта пурсид Соро.
— Ҳеҷ чиз.
— Не-е, ягон гап шудагӣ барин.
— Гўё ман аз ҷанг гурехтаам, – овозаш ларзида гуфт Шайдо.
— Ҳамин хел гап бисёр, ман ҳам пурсиданӣ шудам, вале меранҷӣ гуфта, напурсидам. Хафа нашав...
— Ту ҳам бовар дорӣ?... Албатта, кас бо дасту пои солим баргардад, кӣ бовар кунад? Ҳатто худам бовар мекунам...
— Пас чӣ хел туро ҷавоб доданд?
— Худам омадам. Барои Ҷовид шуда омадам, – инони гапро ба дигар тараф тофтанӣ шуд Шайдо.
— Беҳуда кардӣ, Шайдо, ман бо нони талабида ўро калон мекардам... – даст ба китфи шавҳараш гузошта гуфт Соро.
— Ҳоло ҳам худат калон мекунӣ, – ба чашмони ў нигариста гуфт Шайдо.
— Ин чӣ гуфтагиат? – даст аз китфи ў баргирифта ва каме худро пас кашида пурсид Соро. – Магар баргашта меравӣ?
— Не, маро дигар ба ҷанг намебаранд...
Соро ҳайратангез аз таги манаҳи шавҳар нигарист. Гўё ранги ў ранги худаш, пўсти ў пўсти худаш набуд. Дилаш хунук таҳ зад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан