Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 379 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 379 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Охир, ман туро ба ҷанг фиристодаам, чӣ хел ҳисобот надиҳӣ?
— Не, ин гапи нодуруст. Ту маро ба ҷанг фиристода натавонӣ.
Ман беватан, бесоҳиб, ки ту маро зўран ба ҷанг фиристӣ? Шояд ин гапро барои халосии ҷони худ бароварда бошӣ!
— Ин гапро ман набаровардаам, ту баровардӣ, одамони ту бароварданд!
— Пас, одамони ман дар қасди ҷони туанд? Ҳамин хел?!
— Ҳамин хел?
— Роҳи дузду гуреза кўтоҳ аст. Онҳо ба касе қасди ҷон карда натавонанд.
Ранги арғувонигаштаи Шайдо тамоман канд. Чашмонаш, авзоаш беҷо шуданд. Баъд ангуштони ларзонашро сўи гулў бурда тугмаи шинелро кушод. Ва даст сўи синаи чап бурд. Абдул гумон кард, ки идораи ў барои Шайдо гармӣ кард, аз ин рў тугма кушояд. Вале чун Шайдо аз бағал чизеро бароварданӣ шуд, қути ў аз ранги Шайдо ҳам кўҳнатар гашт. Дастонаш ларзиданд. Пас-пас рафт ва тахтапушташ ба девор бархўрд.
— Мана! – латтаи печидаро болои миз гузошта гуфт Шайдо.
— Чӣ вай? – ларзон ду-се мижа зада пурсид Абдул.
— Ҳуҷҷатбоз бошӣ, ҳуҷҷат.
Абдул оҳиста бар курсӣ бознишаста латтапечро пеш кашид.
— Ҳоло ист! – ба ҳуҷҷатҳо кўрмуш нигариста гуфт Абдул.
Шайдо гўӣ ҳама нерў ҷамъ оварда, як қадам пас рафта, ба хараки назди дар нишаст. Аз он ҷо ба гапи Абдул ҷавоб гардонд:
— Меистам, парво накун. Лекин дониста бош, ки касе туро мисли ман хуб надонад. Тагу тирези ту ба ман маълум.
— Не, ту маро надонӣ... Ту маро пеш медонистӣ... Ту маро ҳамчун қозиавлод медонистӣ, вале ҳамчун коргари ҳукумат надонӣ...
Шайдо китф дарҳам кашида бархост ва даст дароз кард, ки ҳуҷҷатҳояшро гирад.
— Не, баъд мегирӣ, – латтапечро каме пас кашида гуфт Абдул.
— Ҳуҷҷати ман набояд дар дасти ту истад. Лозим шавам, ҷеғ мезанӣ. Хондӣ, донистӣ? Шуд... – киноя кард Шайдо. Зеро медонист, ки Абдул ҳарчанд синча кунад ҳам, хонда натавонад.
Шайдо нафаҳмид, ки чаро касеро, ки ҳама бо як эҳтиром «шумо» гўянд ва худи ў ҳам пеш аз ҷанг рафтан «шумо» мегуфт, якбора «ту-ту» кард. Барои чӣ? Ҷавоб ёфта натавонад. Пас хулоса кунад, ки айби худи ўст: «Нокас! Гумон кунад, ки ман ҳам мисли ў беор ҳастам. Ноасил! Ҳуҷҷат ба ун кас дода монам, будааст.
Донам, ту чӣ кор кунӣ. Сўзонию баъд гўӣ, ки Шайдо гуреза аст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан