Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 378 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 378 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҷавоб доданд, омадам.
— Дасту поят бутун, ақлу ҳушат баҷо, чӣ хел ҷавоб?
— Дасту пои ту ҳам дуруст, ақлу ҳушат ҳам нимкора, дар ин ҷо шиштаӣ-ку?! – якбора сахт гуфт Шайдо.
— Ҳоло ту ба ман гап ёд медиҳӣ!
— Гап ёд надодаам, пурсидӣ, ҷавоб додам...
— Военкомат девона нашудааст, ки туро дар ин ҷўши ҷанг ҷавоб диҳад Ту гурезаӣ...
Шайдо ба гапи ў чӣ ҷавоб доданро надонист. Фурсате хомўш истод. Дарғазаб шуд. Ранги коҳидааш арғувонӣ гашт. Гўшҳояш сурх шуданд. Гўшаки телпак бар гўшаш вазнинӣ кард, ки андаке бардошт. Ба тавраш, бо ин кораш ғазабашро андаке фурў нишонд. «Чӣ мехоҳӣ?» Ба ин маънӣ нигоҳ кард Шайдо. Абдул ҳам манаҳ бар каф, сари ангуштон бар лаб, бо ин гапаш худро музаффар шуморида рост ба чашмони Шайдо нигарист. «Шўхӣ дорад?» савол кард дар дил Шайдо. Вале нигоҳи тез ва ҷиддии ўро дида, кафид:
— Иддао чист?
— Иддао не, ман барои обрўям гўям. Ту ба мо, ба номи мо иснод овардӣ...
— Ба кадом номат? Ба номи қозинажод ё ба номи эшонзодагиат?
— Ба ин корат набошад, ту номи деҳаро паст задӣ!
— Агар дар дасти ту бошад, баргашта маро ба ҷанг фирист, агар ман кор наоям, писарамро фирист, вале ба ман ин хел гўшонаҳоятро нагў.
— Не, ту акнун ба ҷанг лозим нестӣ, ту аз ҳимояи Ватан даст кашидӣ...
— Э-э, қозизода, ту дар ин ҷо шиштаӣ, чӣ донӣ, ки ҷанг чист ва майдони ҷанг чӣ гуна аст. «Ба каси хаста ва марди маст гап назан» гуфтаанд. Ту – маст, ман – хаста. Биё ба ҳамдигар гап назанем.
— Ягон макру ҳилаат ба кор намеравад.
— Ба назарам, ман мемураму чизе, ки мегўӣ, ёд намегирам.
— Ҳм, – тунд хандид Абдул.
— Ҳум не... хоҳӣ, пеш даро, ман аз пасат, нагиранд ҳам, худамон ба ҷанг меравем! – гуфта Шайдо андаке сари синаашро боло кард. Вале Абдул як қад парида сар бардошт ва дасти росташ, ки то ин дам муттакои зери манаҳ буд, чу пояи ковок рўи миз афтод. Ба худ омад: «Ту худат рафтан гир, ман дар ин ҷо одами даркорӣ!» Шайдо ҳам паст наомад: «Албатта ту ин ҷо даркорӣ, бе ту кори колхоз як пул, раис надорад, котиби ташкилоти партиявӣ надорад, фақат ту! Колхозчӣ ҳам ту, аробакаш ҳам ту, аскар ҳам ту, маслуху маҷрўҳ ҳам ту...» якбора буғзи дилашро кафонданӣ шуд. Ва дид, ки оқсақол гаранг барин ба ў нигоҳ карда монд, шерак шуда, вақтро ғанимат дониста боз ба гап даромад: «Исто, ки барои чӣ ман ба ту ҳисобот диҳам?»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан