Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 377 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 377 аз 470 · 3 ноябри 2026

Соро ба сўҳбати онҳо гўш дод, баъзан пурсишҳои писараш гапи калонсолонро монад ва баъзан содалавҳона аз ҳаёти деҳот сухан кунад, вале ҳамон саволе, ки дар дили модараш ҳаст: «Чӣ шуд, чӣ хел шуд, ки омадӣ?» гуфта натавонад.
Имшаб се тан – Шайдо, Соро ва Ҷовид хонаро пур карда хобиданд.
Се рўз гузашт, Шайдо намедонист, ки дар деҳа кӣ ҳасту кӣ нест. Хешовандон, ҳамсояҳо ўро ба хонаашон даъват карданд.
Шайдо дар сўҳбатҳо аз вазъи деҳа огоҳ шуд. Вале тааҷҷуб кард, ки чаро Абдул ва бародараш Аюб ўро диданӣ наомадаанд. Ҳатто раис – Нусрат омаду онҳо не.
Шайдо ба кори колхоз баромаданӣ шуда белу каланд тайёр кард, ки ўро ба идораи раиси ҷамоат ҷеғ заданд. «Кори колхоз»
гумон карда, каланд сари китф рафт.
Шайдо каландро паси дар гузошта, дари идораи ҷамоатро кушода даромад. Набераи қозикалон – Абдул сари миз менишаст.
Ў хуб медонист, ки аз тарафи падарӣ ба қозиён ва аз ҷиҳати модарӣ ба эшонҳо тааллуқ дорад. Вале барои чӣ ин қадар фарбеҳ ва ин қадар суп-сурх шудаст, ақли Шайдо нагирад. Ришу бурути зардаш дар ин се соли набудани Шайдо қайчиро надидааст. Шояд барои ҳамин хел корҳояш мардум гапу калоча карда бошанд, аммо Шайдо ҳоло аз ин тарафи масъала бехабар. Гап кардаанд, ки Зиёдуллоро барои занаш шуда ба аскарӣ фиристодааст... Гуфтанд, ки Шарофро барои авлодан нотифоқ буданашон ба ҷанг роҳӣ кардааст. Самадро барои гапашро гардонда тую ман карданаш.
Писари подачӣ Ҳотамро барои оши ҳалол пурсиданаш ва ҳоказою ҳоказоҳо... Ҳа, боз барои он ки худаш наравад, дигаронро зуд-зуд фиристоданаш. Ҳатто ҷавонони ноболиғро. Одамон фақат гап мезананд: касе ба онҳо нафаҳмонад, ки повестка додан кори раиси ҷамоат нест, кори Комиссариати ҳарбист. «Не-дия, ин кори Абдул!» Ба онҳо чӣ мегўӣ? Фақат Шайдо донад, ки Абдул ҳеҷ касро аз пеши худ ба ҷанг фиристода натавонад. Ягона кораш ҳамин, ки рўихати ҷавонон ва мардонро бурда ба идораи Комиссариати ҳарбӣ медиҳад.
Абдул як бародар дорад. Номаш Аюб, ҷўраи Шайдо. Вале надонад, ки ў дар куҷост. Шайдоро диданӣ наомадааст. Шайдо гумон дорад, ки ў ҳам ба ҷанг рафтааст.
— Аюб нағз ҳаст? – аз ў пурсид Шайдо, вале Абдул худро ба нодонӣ зада мад кашид:
— Хў-ўш-ш?! – даст ба зери риши дароз бурда ва муттако зери ҷоғ гузошта ба гап даромад ў. – Хўўш-ш!... Чӣ хел шуд, ки аз ҷанг баргаштӣ?
— Ҳамин тавр, – кўтоҳ ҷавоб дод Шайдо.
— Чӣ тавр?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан