Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 376 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 376 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҷанг тамом нашуда Шайдо аз фронт баргашт. Ў аввалин ва охирин аскар набуд. Вале бенуқсон на: ё китфу бозуяшон, сару рўяшон ҷароҳате дошт ва ё дасту пояшонро қурбон карда омада буданд. Касони мағзашон халал дида ҳам буд. Аммо Шайдо баракси ин ҳама: дасту пояш солим, сару рўяш ҳам як қисм, ақлу ҳушаш дар ҷояш, гапаш бурро. Фақат рангаш коҳида. Барои ҳамин занаш Соро баробари ўро дидан чӣ гуфтан ва чӣ хел ўро пешвоз гирифтанро надониста, сурат шуд. Аз афташ, аз одамон шарм дошт: аз одамоне, ки шавҳарашро гирду пеш карда ва борхалтаашро бардошта омаданд. Шайдо аҳволи ўро дида ба китфи зан кафи даст гузошт, ба тавраш навозиш карда гузашт, гузашту ба хотираш зад, ки шояд дар вақти набуданаш ҷой дигар шуда бошад. Аз остонаи хона касе ўро боздоштагӣ барин қадам ба дарун наниҳода ба пас нигашт. Соро ба ў ҳоло ҳам шикастадил менигарист. Гўё барои ҳамаи ин занак гунаҳгор бошад. «Дароед!»
овоз баровард Соро, вале Шайдо афсунзада меистод. «Дароед, хонаи худатон» аз қарор истодани ў маънӣ гирифт, ки боз гуфт Соро ва ҳушаш ба ҷояш омада пеш гузашта ба рўи намади хона кўрпача андохт. Ва «Марҳамат, дароетон» гуфта ҳамаро даъват кард. Овозаш ларзон буд. Ҳар кас ҳам пай бурда метавонист, ки ашки шодии ў пур шуда то гулў омадааст. Соро барои он ки дар назди меҳмон гиря накунад, зуд аз хона баромада ба ошхона гузашт ва ба дилпурсии одамон, ки «Шайдо омад, хурсанд шудӣ, охир?» мегуфтаид, сар меҷунбонду бас. Чӣ хел хурсанд нашавад, саробонаш омад. Акнун касе ҳад надорад, ки ба сари ў дод занад. Дигар Ҷовидро ҳам барои саракчиниаш даштбон намезанад.
Ва дигар шабона ба сари занак Неъмати девонаавзоъ намеояд.
Шояд ваҷҳи гиристани Соро ҳамин аст? Шояд хории ўро ҳамон саргузаштҳо овардаанд? Ҳа... вақте мешаваду Соро ҳамаи инро ба Шайдо ҳикоя мекунад. Шайдо ин чизро ҳамту намонад. Қасос гирад: ҳам аз даштбон, ҳам аз он марди девонаавзоъ. Хайр, бригадиру табелчӣ беҳуда гапи сахт нагуфтаанд, барои кори колхоз.
Дар ин ҷо ҳам айби худи одамон, ки гапро дигар хел мефаҳманд.
«Овози баланд»-и роҳбарон ба онҳо сахт расад, гўё ки онҳо ба фоидаи худ кор фармуда бошанд. Ҳамаи ин як тараф, Сороро чизи дигар парешон кард: «Шайдо, боз аз ҷанг нагурехта бошӣ, ки сари ҳамаро ба замин занӣ?» пайи ҳам ба худ савол медод Соро. «Ҳушёр бош, ин ному нангро куҷо мебарем?» пешакӣ гап тайёр мекард Соро ва боз забон мехоид, ки рафту ин фикраш беҷо бошад ва Шайдо онро шунавад, хуб намешавад.
Паи пои мардуми хабаргирӣ омада канда шуда бошад ҳам, Соро аз ў чизе пурсида натавонист. Ба фикри худаш, агар ў чизе пурсад, хафа мешавад. Соро аз ў чизе напурсид. Вале Ҷовид дергоҳ хобаш набурда бо ў саволу ҷавоб кард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан