Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 375 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 375 аз 470 · 3 ноябри 2026

Савор ба шинели ҷавонписар нигарист: қати аввалро канда боз қат карда буданд ва рахи қати аввал намуда меистод.
— Баччаи кӣ мешӣ? – бузғоларо ба пеши асп гирифта пурсид савор.
— Баччаи Шайдо.
Савор бузғоларо ба ў баргардонданӣ шуд, вале Ҷовид нагирифт:
— Не, амак... Раҳмат, амак! Барои хабари хуш раҳмат! – гуфта ўро гуселонд ва ботамкин сўи ҳавлии холаи Ҳабиба рафт.
Дарвозаро кўфт. Худи Ҳабиба баромад. Аз Ҷовид нагурехт ў.
Ў гумон дошт ҳама хобҳои дидаашро духтарак медонад.
— Ҳа-би-ба... Ҳабиба! – нафасаш гирифта-гирифта гуфт: – Амаки Латиф омадаанд!
— А! – нашунида ва ё ба гўшҳояш бовар накарда садо дардод Ҳабиба.
— Амаки Латиф – падарат омадаанд!
— А? – гўё ақлашро гум карда буд духтар.
— Биё, Ҳабиба! – аз дасти ў дошта кашид ҷавонписар.
Ҳабиба аз дарвоза берун баромад ва аз дасташ кашола кардани Ҷовидро ягон кас набинад гуфта ба пас нигарист, ҳамроҳи ў тохт ва якбора бозистод.
— Кӣ гуфт?
— Аробакаши деҳаи Ҷари Сурх.
— Ман ба хона гўям, муждагонӣ диҳем...
— Ман додам, Ҳабиба...
Ҳабиба ба чашмони Ҷовид нигарист ва боз ҳамроҳи ў тохт.
Рўймоли духтарак ба китфаш фаромад. Ў рўймол ба сар накашид, оламу одамро фаромўш карда тохт. Тохти духтаронаи ў, гўё зонуҳояш ба ҳам часпида бошанд, чандон ҳайратовар набуд.
Вале дар шинели кушод тохтани Ҷовид ва мисли пружини соат ба ду тараф гаштани домони халтаи шинел диққати касро мебурд.
Ў телпаки кушодро, ки ҳар лаҳза лағжида пеши чашмонашро мегирифт, ба даст оварда давид. Вале ҳайрон буд, ки чаро духтарак аз ў рў напўшид. Ҳатто вақти дарав рўи ўро дидан мумкин набуд.
«Ё мисли Холбибӣ сарлуч шуданист?... – тозон аз дил гузаронд ҷавонписар. – Хобашро ёд дошта бошад? Ба қавлаш вафо мекарда бошад?...». Ў дар миёндаштӣ Ҳабибаро мондашуда гумон карда дасташро гирифт... Онҳо дастубадаст сўи Дупулаи Зарафшон тохтанд. Тохтанду тохтанд. Гўё ба пешвози бахт, ба истиқболи саодату ояндаи дурахшон тохтанд...
Аммо қиссаи мо дар бораи падари Ҳабиба не, дар бораи бисёр касони аз ҷанг баргаштаю барнагашта ҳам не... Қисса дар бораи шинел ва соҳибони он.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан