Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 374 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 374 аз 470 · 3 ноябри 2026

шиНели
ПАДАР
1

Таомули тоҷикон, ки ягон хеши роҳдурашон ояд, пайкро муждагонӣ диҳанд. Махсусан солҳои ҷанг, ки падар, бародар ва фарзандонашон ба ҷанг рафта бошанд, аз рўи буда ва ҳиммат ягон чиз ҷудо карда мемонданд. Ҳатто муждахоҳ хабари омадани ҷанговаронро дар шаҳр шунавад, то деҳа асп монда меомад.
Ҷовид ҳам савори аз санглох ба деҳа рост шударо дида, каланд аз сари китф ба замин гузошт ва нигарони даррасидани савор шуд. Ў ҷавонписари паҳлавонҷусса на, балки коркўфтаи химча тобад. Дар бар шинели аскарӣ дорад, ки риштаҳои нўги остини дарозаш шилшила шудаанд. Шинел васеъ ва китфҳояш аз китфи ў кашол. Тахтапушташро шохчаҳои хорчаю шибоғ кандаанд.
Суда ва ришта-ришта гаштааст. Домони онро ним метр ба дарун гардонда дўхтаанд. Ҷавонписар андаруни он хўса тобад, вале ҳар дам китф бардошта худро баркамол нишон диҳад. Телпакаш низ аз они аскарҳо: калон, гўшҳояшро пахш кардааст, қариб ки чашмонашро ҳам пўшад. «Беҳуда савор башитоб наояд» аз дил гузаронд ў ва андаке хам шуда телпак ба думи каланди такя карда истодааш расонд, ки каме аз пешонӣ пушт рафт.
— Хонаи Латифи Муродро намедонӣ, бачча? – баъди саломи Ҷовидро алейк гирифтан пурсид савор. Ҷовид ба ў хуб нигоҳ карда шинохт: аробакаши деҳаи Ҷари Сурх, ки рўзи ба сари Абдулоқсақол довталаб омадани мардум бо падараш ҳамсухан шуда буд. Аввал Ҷовид ба ў ҷавоб надод, бо шубҳа нигарист, ки хонаи падари Ҳабиба ба ин марди бегона чӣ лозим бошад. Баъд, дар он хона мардинае нест. Ҳабиба, ки вай ҳам ҳамроҳи холааш. Ин чизро нагуфта, дигар хел ишора кард:
— Дар хонаи онҳо касе нест...
Аспи парраҳои биниаш аз гашти зиёд фарох-фарох нафас кашида, гўё ин гапро шунида ором-ором ҳаво гирифт ва беқарориаш ҳам тамом шуд. Худи савор, ки пойҳояшро ба рикоб таранг карда андаке аз зин ковок шуда меистод, суст шуда фурў нишаст.
— Ҳеҷ кас – ҳеҷ кас? – аз тири хокхўрда пушаймон шуда боз пурсид савор.
— Ҳеҷ кас, – аз гапи ёфтааш хурсанд шуда ҷавоб дод Ҷовид ва ноумед гаштани саворро дида пурсид: – Чӣ гап, амак?
— Латифи Мурод омадааст...
Ҷовид баробари шунидани ин хабар «ҳамин ҷо истед, амак!»
гуфта каланд миёни кўча гузошта рафт. Тез рафта ва ба ҳамон шасти рафтааш ба дўшаш як бузғолаи сафедаки навшохро бардошта омад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан