Ва баробари Саборо дидан бархост ва дастонаш пеш ёзида, лабонаш пир-пир паридан гирифтанд.
— Ту чӣ маро ин қадар овора мекунӣ, Сабо?
— ...
— Барои чӣ ту маро бегона медонӣ, Сабо?
— ...
— Магар ман ба ту модар шуда наметавонам, Сабо?
— ...
— Мардум чӣ овозаҳо карданд, Сабо?
— ...
Сабо мисли ҳайкал беҷону берўҳ ва беҳиссу бемадор меистод ва сабаби меҳрубониҳои модарандарро намефаҳмид. Мастура мисли модари зор дастонашро пеш ёзида омад... «Чаро ту дигар шудаӣ, чаро ин зайл рафтор мекунӣ? Магар... магар падари ман...» гўё ба танаш равон омада, хаёл кард Сабо ва худро дошта натавониста якбора дод зад:
— Ба падарам чӣ шудааст?!
Мастура як қад парида дастони пеш ёзондаашро пас кашид ва оҳиста гуфт:
— Ту аз кучо медонӣ?
— Аз омадани ту, аз рафтори ту!
— Не, Сабо... Ту ҳеҷ чизро намедонӣ, ту ҳеч чизро намефаҳмӣ...
Падарат дар хона...
Сабо якбора сўи модарандар тохт ва худро дар оғўши ў партофт ва боз савол дод:
— Чаро худи ў наомад?
— Ў хаста шудааст, духтарам, ҷанг бефарааш кардааст, Сабо,
– гуфт модарандар, вале бе ду по... омадани Назир-милисаро нагуфт...
Сабо мехост аз модарандар ҷудо шуда, болу пар бароварда зудтар ба дидори падар расад. Вале касеро дидан мехост. Ба кўча баромада ўро ҷустуҷў кард..
Зани Мизроб-муаллим омад. Дар даст латтапече дошт. Рафтани Саборо дониста латтапечро ба ў дароз карда гуфт:
— Ман дар тўи муроди ту ҳастам ё не, гирифта мон, аз ман тўёна. Ба қавли худат «лозим мешавад...»
Сабо онро гирифт ва аз гапи занак донист, ки он сўзании дўстдоштаи ўст. Вале Сабо боз касеро меҷуст. Ҳо-о ана, дар парчи пул нишастааст ў. Ва тапидани дили Саборо пай намебарад ва намедонад, ки падари духтарак ба чӣ аҳвол омадааст. Худи Сабо онро ҷеғ зада ҳамаашро мегўяд:
— Ҳусен, о, Ҳусен! – Ҳусен тозон назди ў меояд. – Ма, Ҳусен!
Ин чизро эҳтиёт бикун, ман баргашта меоям, – латтапечро ба ҷавонписар дароз карда мегўяд Сабо...





