Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 372 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 372 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ба азми худ Сабо қарзҳоро баробар кард. Фақат қарзи кампири Ойшаро баробар карда наметавонад. Ва рўирост гуфт, ки аз Абдулло-селпо қарздор нест. Вале чунин қарз адо карданҳои ў арзон наафтод. Дар деҳа як овозаи бад паҳн шуд: ҳамроҳи писарбаччаҳо ҳезуму саргинчинӣ рафтани Сабо гапи калон шуд: чунон калон шуд, ки гуфта-гуфта духтаракро бадном карданд. Чунин овоза ҳам шуд, ки Саборо ягон ҷавон зан кардан намехоҳад. Баъд яку якбора занмурдаҳои пир ва девонаи Неъмату каллу кўрҳо ўро талабгор шуданд. Вале Сабо ин ҳамаро ҳазл фаҳмид ва сарфаҳм нарафт, ки барои чӣ ин хел шуд. Зеро дили ў мисли ҳавои баҳор соф, беғаш, наолуда. Ва умеде дорад. Як умеди афсонавӣ, ки баъди азобу оворагиҳо: Хизр барин касе пайдо шуда, роҳи бахташро нишон медиҳад. Ў боз сари харсанги болои осиёб баромад ва ба роҳи дашт чашм дўхт, Хизри ў, бахти ў бо ин роҳ меояд. Барои ҳамин ў ба гапу калочаҳо эътиборе намедиҳад. «Аз ин роҳ саворе меояд.
Зери ронҳояш аспи сафеди бодпост ва ёлу думаш заррин метобад, кишнакунон, ҷилвакунон мсояд...» хаёл дорад ў ва мебинад, ки ба ҷои савори аспи сафед аёле пиёда меояд. Ў чун поёни деҳа расид, сари ҷари Селрав бозистода нишаст. Сабо ҳам аз сари харсанг ба он зани ношинос нигарист. Занак бархост, ба деҳа ворид шуд ва баъди хеле вақт аз рў ба рўи осиёб садое омад:
— Сабо! Ҳо-оо о Сабо!!!
Сабо гўё аз сари харсанг ба зери пояш нигарист. Дид, ки кампири Ойша фарёд зада ба дарвозаи онҳо расид. Дар гашт ва фарёди ў як навъ тараддуд ва бесаранҷомӣ ҳувайдо буд. Аз чунин рафтори ў Сабо ҳайрон шуда бозистод ва лаб хоидан гирифт.
— Сабо! Ҳо-о-о Сабо! – пуртаҳдид ҷеғ зад кампири Ойша ва Сабо «Ҳа» гуфта натавониста, оҳувона ҷастухез карда аз сари нов фуромад ва танҳо вақти аз об гузаштан «Ҳа, момо!» гуфт.
— Э номат гум нашавад, Сабо!
— Чӣ шудааст, момо?
— Модарат омадааст...
— Барои чӣ омадааст? – парешон пурсид Сабо.
— Туро ёд кардааст, пазмон шудааст.
— Шояд ба ёди ман девона шуда бошад? – пичинг гуфт Сабо.
— Намедонам. Равӣ, мефаҳмӣ.
— Не, ман назди ў намеравам.
— Не, меравӣ, – аз китфи ў кашида таҳдид мекунад момо,
– меравӣ, вассалом... Падарат...
— Чӣ падарам?
— Намедонам. Равӣ, мефаҳмӣ.
Сабо дигар ба қадами пиразан нигоҳ намекард. Ў дартоз сўи ҳавлии кампири Ойша тохт. Дарвозаро пуршаст кушода даромад ва рў ба рўяш модарандарро дид, ки лаби марзаи айвон амонат менишаст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан