Сабо карахт буд. Лабон ба ҳам фишурд. Ў нахост, ки ашкашро Ҳусен бинад. Оби чашма боз ором шуд. Ҳусен надонист, ки бо ў чӣ муомилае кунад. Сару рўяшро сила карда ба тавалло дарояд ё аз дасташ кашида зўран шинонад ва ё ягон роҳи дигар ёбад. Ба ҳар ҳол ў мехост, ки Сабо гап занад.
— Ба ту чӣ шуд, Сабо? – боз пурсид Ҳусен.
Сабо ба саволи ў ҷавоб надода ҷониби хар рафт ва халачўб зада сўи деҳа ронд.
— Исто, Сабо! – тозон омад Ҳусен, – Барои чӣ ҳамроҳи писаракҳо омада будӣ? – пеши роҳи ўро гирифт. Сабо ҷавоб надода китф зада гузашт.
— Ту намедонӣ, ки онҳо чӣ хел бад?.. Ман надониста омадам.
Агар медонистам, ки ту ҳамроҳи онҳо,, намеомадам. – Баробари Сабо қадам зада туфт Ҳусен.
Духтарак пуршаст харро зада, тез гашт. Ва Ҳусен, ки ба ягон гапаш ҷавоб нагирифта буд, қадам боздошт.
Сабо рў ба рўи девлох бозистод. Баччаҳо наменамуданд, Харҳояшон ҳам набуданд. Духтарак хар ҷониби девлох ронд ва ҷувол аз пушти зин гирифта ба кўра даромад, ки чалмаи аз ҷувол холӣ кардааш истодааст.
Ў ҷониби латтахорҳо нигарист. Ҳусен наменамуд. Сабо чалма ба ҷувол бардошта зуд-зуд ҷониби латтахорҳо менигарист. Ў ҷувол пур аз чалма кард. Аз Ҳусен дарак набуд. Сабо медонист, ки хоҳ-нохоҳ Ҳусен, дер бошад ҳам, аз ин роҳ мегузарад, бинобар он нигарон истод. Саворае пайдо шуд. Бегона буд. Сабо худро паси харсанг пинҳон кард, ки набинад. Ва баъд қариби бегаҳ як хари ҳезумдор омад. Ҳусен буд. Ба Сабо нигоҳ накарда гузаро шуд.
Рафт. Сабо ба танг омад ва сари дилаш пур шуд:
— Ҳусе-е-е-н! – акси садоро аз шах шунид ў ва бозистода ҷониби девлох нигарист. «Ҳусе-е-е-н!» боз такрор кард духтарак, вале дигар чизе нагуфт. Ҳусен аз паси хар нигарист, ва дартоз сангпари обро гузашта ҷониби девлох рост шуд. Сабо шах шуда буд. Ҳайкал барин рост меистод. Намедонист ба Ҳусен чӣ гўяд...
— Чӣ шуд, Сабо? – нафасгардон пурсид Ҳусен.
— Бор карда натавонистам, – ҷуволро нишон дод Сабо.
Ҳусен дигар гап назада харро назди бор овард. Ҷуволро рост кард ва Саборо «Даст деҳ» гуфт. Сабо ба ў даст дароз кард. Ҳусен аз банди дасти рости ў бо дасти чап сахт дошт ва вазни ҷуволро рўи дастҳо гардонда аз ду кунҷи ҷувол доштанд. «Ҳа!» ба ишораи бардор садо кард Ҳусен. Вале Сабо, ки дасти писарак ба дасташ расида буд, суст шуд ва ҷуволи каме аз замин болошуда тарафи ў вазн андохта гашт...





