Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 370 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 370 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ман худам ўро боб мекунам... чунон кунам, ки мисли саги Абдулло-селпо аз пояш кашола карда баранд.
Аз ҷониби деҳа боз харсаворе омад. Ў ё аз танҳоӣ, ё аз хурсандӣ сурудхонон меомад. Омад-омаду дар наздикии девлох сурудаш қатъ шуд. Бо омадаш моҷарои онҳоро хомўш кард. Сабо ўро шинохта, хост ба пешвозаш тозад, вале муомилаи дар сари хирман кардааш ўро ранҷонда буд. Барои ҳамин Сабо аз Ҳусен хафа буд ва баробари дидани ў худро ба гўшае кашид. Аммо надонист, ки ин дам бо дили Ҳусен чӣ шуд. Чӣ шўре дили ўро таркондан хост ва дуде аз димоғи ў баромад. Ҳусен сари харашро гардонд.
Қадди дараро рост кард. Сабо андаке аз паси ў нигарист ва баъд хомўшии девлохро шикаст. «Ана! Гир!» гўён аз лаби ҷувол дошта чалмаашро ба замин рехт ва як пораашро гирифта ба тахтапушти Ҳомид зад: «Худоноумеди пакана, гир, сер шав!»
— Шишта-шишта алам кард? – масхара барин пурсид Ҳомид. Сабо ба ў ҷавобе надод. Ҷуволро афшонд. Таҳ карда пушти полони хар партофт ва ресмон аз пои хар кушода даста кард ва харро савор шуда, рўи сой фаромад. Чун ба қади об фаромад, надонист куҷо равад: аз паи Ҳусен ё ба деҳа? Ў андак гардан каҷ карда ба девлохи зери шах нигарист, ки баччаҳо сари сангдевори кўра омада куҷо рафтани ўро нигаронанд. Баъд ба гардани хар халачўб зад, то куҷое барад. Хар аз ҷон хуштар сўи деҳа равон шуд, вале Саборо хуш наомад.
Ў боз ба девлох нигарист. Баччаҳо фарёд мезаданд ва даст мегардонданд, то Сабо баргардад, вале духтарак сари харро ба дигар тараф гардонд. Ва чун каме боло рафт, фарёди яковозаи ҷўри баччагон баромад. Сабо гўш ба карӣ дода сари шонаи харро, хала кард... Ў Ҳусенро дар байни латтахорҳои сари роҳ дарёфт.
Ҳусён харро сар дода лаби чашма каҷпаҳлў зада буд ва гўё аз омадани Сабо хабаре надошт, ки нигоҳ ҳам намекард. Духтарак рў ба рўи ў харро боздошт. Хари Ҳусен омадани савораро дида гўш сих кард ва бинӣ кашид, ҷониби хари Сабо «ҳиқ, ҳиқ» кард ва ҳанг заданӣ буд, ки Ҳусен ҷониби вай халачўб андохт.
Духтарак аз хар фуромада назди Ҳусен омад. Ва сари чашма рост истод. Ҳусен сурати баланди ўро даруни об дид. Ва об лапида сурати ўро каҷу рост мекард ва гоҳо мешикаст. Малахе ҷаста даруни оби чашма зад ва сурати Сабо гум шуд. Ҳусен сар боло карда ба қомати баланду хароби духтарак нигарист ва дид, ки ситораи гарм дорад. Дилаш оҳиста фурў рафт.
«Бишин!» гуфт Ҳусен. Аммо Сабо нанишаст.
«Бишин!» боз такрор кард ў. Духтарак боз нанишаст. Ва ҳамин вақт дид, ки рухсораи хароби духтаракро қатраҳои ашк шустанд.
Ҳусен ҷаста хест.
— Ба ту чӣ шуд, Сабо?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан