Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 369 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 369 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Чанд-ба даромадӣ, Сабо? – яке пойгаҳ хало карда пурсид Ҳомид.
— Понздаҳ.
— Мешад, – худ ба худ хулоса баровард Ҳомид.
— Чӣ мешад? – ҳайрон шуда пурсид Сабо.
— Қаду бастат ба синну солат мувофиқ... Сабо!
— Ҳо!
— Ман ба ту гап дорам.
— Чӣ гап?
— Ба девлох равем, баъд мегўям.
— Гуфтан гир,
— Не, ин ҷо намешавад.
Онҳо ба девлох расиданд. Ҷои молхорав, ки зери камаре буд ва атрофашро сангдевор карда буданд, дар тирамоҳ ҳам гарм буд.
Онҳо харҳоро даруни сангдевор ҷо карда белу каланд гирифтанд, то лар кананд. Чалмаро канда ба қанорҳо ҷо карданд. Ҳомид баҳона карда-баҳона карда ба Сабо наздик шуд ва оҳиста гуфт:
— Сабо, гапамро гўям?
— Ҳа, гўй.
— Биё, пушти қўтан гузарем, баъд мегўям.
— Ҳамин ҷо гуфтан гир, – сарфаҳм нарафта гуфг Сабо.
— Ин ҷо намешавад, баччаҳо ҳастанд. Хайр, биё, – гўё зорӣ мекард ў.
Сабои сода ва ростдил гумон кард, ки ў ниҳоят гапи зарур дорад. Ҳамроҳи ў паси девлох гузашт. Баччаҳо аз ин кори онҳо ҳайрон буданд. Фурсате нагузашта фиғони Сабо баромад: «Ту маро кӣ гумон кардӣ? Ҳо дар даҳони отат... Бекас гуфта, хори мушак барик часпидан мегиред... ҳо, дар даҳони очат... Ҳо дар даҳони худат!».
— Дод нагў, ман ба ту чӣ гуфтам?
— Ҳолӣ ист, канда ба дастат медиҳам... Мур, пакана, мур фитна, мур-э, маст шуда бошӣ, очета гўй, зан гирифта диҳад...
Мур-э, мур. Мур-мур-мур!!! – аз алам тез-тез такрор кард ў ва баъд нишаста сар ба сари зону ниҳода гирист...
— Ўй, пакана, ин чӣ корат? – гўён ба Сабо тараф шуда гуфт писари ҳамсояи ҳавлидармиёни духтар – Соҳиб.
— Ба шумо чӣ, аз они шумо дард мекунад? – дигаронро хурд ва ночиз ҳисобида гуфт Ҳомид.
— Мо донем, туро ҳамроҳ намегирифтем, – гуфт дигаре.
— Бе шумо роҳро намедонам-а? – паст наомад Ҳомид, – Беҳтараш, биқ-биқ накунед.
— Худат биқ-биқ накун! – гуфт Соҳиб ва баччаҳо як ҷо шуда сўи Ҳомид омаданд, ки адабашро диҳанд, вале Сабо пеши роҳашонро гирифт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан