Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 368 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 368 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Амак, барои як рўз хару ҷуволатонро диҳед... як рўз ҳам не, то пешин....
— Чаро?
— Ҳамин хел, – гуфта Сабо ба замин нигарист ва бо ангушти кабири пои росташ заминро соидан гирифт.
— Гушна мондӣ?
— Не, ман аз шумо қарздор...
— Чӣ хел қарздор?
— Қарздор, амак, напурсед.,.
— Гўй, ки чӣ хел қарздор, баъд хар медиҳам.
— Ордатонро ман дузида будам...
— Чӣ-ӣ-ӣ?! – душмани ашаддиро ёфтагӣ барин шўрид мардак.
— Назанед, амак, ман қаврунашро мегардонам!
— Толеат будааст, бахтат будааст... – тез-тез гуфта мардак ангушт фишурд ва манаҳ ҷунбонда дандон соидан гирифт.
Сабо пуршаст ба мардак нигарист ва чашмони ўро пурғазаб дида, хост ба риши ў туф кунад ва ё даҳони ўро пур карда баргардад. Ҳолати ў тағйир ёфт. Ў ҳам мисли Абдулло-селпо дандон фишурд. Занак авзои беҷои духтаракро дида ба шавҳар рў овард:
— Хайр, тед, барад, мардак, намехўрад-ку!
Мардак ба гапи занаш эътибор надод, вале Сабо тоқат наоварда «Ман аз шумо қарздор не! Ман аз шумо қарздор не!» гўён рў гардонда башитоб рафт...

18

Сабо хари бевазан – Наврўзбибиро ба орият гирифта, аз пас тозонд ва дар ҳамвории Себак баччаҳоро расонд. Баччаҳо хартозӣ карда ҳамдигарро аз сари полон кашида ба пеши худ гирифтанӣ мешуданд. Аз харҳо меафтиданд. Ҳазлу бозикунон мерафтанд. Имрўз Сабо дар байни онҳо ягона духтар аст. Ў ҳам маҳмез зада, хар метозонад, вале дар кашокашҳо иштирок намекунад. Дод мезанад, фиғон мебардорад, ханда мекунад, баробарашон меравад. Чандин рўз аст, ки онҳо ба чалмаю ҳезум мераванд. Ба Сабо маъқул афтод, гўё ў дунёи кўдакиро акнун дарёфт: фақат як чиз ба ў маъқул набуд: ҳар касе, ки аз давра барояд, ба гардани хараш халачўб зада ба духтарак наздик омада гап мепартофт. Сабо онҳоро сода гумон карда, то наранҷанд, ҷавобе надода, баланд механдид. Пас онҳо «дилаш-ба ҳаст» гўён хулоса бароварда аз паси ў кашола мешуданд. Сабо баландтар механдид. Вале имрўз ҳамроҳи онҳо Ҳомид ном як ҷавони нуздаҳсолаи паканаи назарногир ҳам ҳаст, ки гоҳо ҳамроҳонаш ўро «кампирдаҳон» гуфта масхара мекунанд. Ў аз дигарон дида сипоҳтар, дарундор ва муғамбир метобад. Хомўш меравад ва дуздида-дуздида ба Сабо нигоҳ мекунад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан