Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 367 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 367 аз 470 · 3 ноябри 2026

«— Наташа, ҳо, Наташа!» – аз дарвоза фарёд зада даромад Сабо. Ба пешвози ў баччаҳо не, худи занак баромад. Вале дар дами дар ҳама ўро пешвоз гирифтанд. «Наташа духтари калон»
гуфта зағораи зери бағалро ба ў дароз кард.
— Не, – ҳаросида ақиб рафт духтараки малламўй ва ба занак нигарист.
— Гир, Наташа, гир.. Холааш овардааст.
Наташа ҳайрон буд, ба занак менигарист, ба Сабо ва баъд як-як ба баччаҳо. Баччаҳо ба Наташа нигарон буданд, вале якеи онҳо «гир» гуфта луқма намедоданд. Чашмони шишаранги Наташа милтос мезад.
— Гир, Наташа, холааш барои шумо овардааст, – боз гуфт занак.
Наташа ба нон даст дароз накард, балки як-ду қадам пеш рафт, ки Сабо ўро бағал гирад.
Сабо сари по нишаста Наташаро оғўш кард ва баъд бардошта бўсида зағораро ба бағалаш гузошт. Наташа акнун баррачаи ром барин бо ў муомила мекард. Ў ноз карда вазнашро ба пушт партофт ва зағораро ба баччаҳо дароз кард. «Ма, Маҳин» – духтари сарнахусти занакро ном бурда гуфт Наташа. Маҳин аз дасти ў зағораро гирифта дошта истод. Наташа ҳам аз бағали Сабо сер шуд, ки фуромад. Баъд Сабо ба хона назар давонд, чашмаш ба сўзании болои тахмон афтида, ҳасратолуд ба занак нигарист, вале маънии нигоҳашро фош накарда, ба гап даромад:
— Аз муаллим ягон хату ҳабар ҳаст?
— Ҳа, аз Зоя ҳам, аз муаллим ҳам...
Оҳиста-оҳиста Сабо қарзҳояшро адо мекард, аз ҳар ҷое, ки як хас рабуда бошад, бар ивазаш, худ рафта, талабида, хизмате кард, аммо ҳеҷ гарданаш ёрӣ намедиҳад, ки ба хонаи Абдулло-селпо рафта, пурсида, хизмате кунад. Чандин бор аз назди дари ў гашт ва гуфт: «Он дуздӣ набуд, балки ҳамин тавр бояд мешуд». Сабо дуру дароз андешид ва оқибат онро ба гардани худ қарз дониста ба дарвозаи Абдулло-селпо рафта ҳалқа ба дарвоза кўфт. Занак баромад.
— Ассалом, хола, – одоб кард Сабо.
— Алек бар салом, – ўро шинохта ҷавоб гардонд занак.
— Агар бемалол бошад, харатон ва як ҷуволу ресмон медодед.
— Барои чӣ? – ҳайрон шуда пурсид занак.
— Ман ҳезум ё чалма меорам... Барои шумо.
— Дадешро пурсам-чӣ, – гўён занак ба хона даромад ва баъди чанд муддат Абдулло-селпо сурфида ва риши муттаи тор-тор сафедӣ афтидаашро сила карда баромад.
— Хў-ўш?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан