Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 366 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 366 аз 470 · 3 ноябри 2026

Чанд бор говҳоро ба об фаровардани Ҳусенро дид, аммо наздаш нарафт... Ду-се бор кампири Ойшаро дида аз ў ҳам гурехт. Ва як пагоҳӣ новақт аз дари дарвозаи ҳамсоя даромада ресмон пурсид. Аввал онҳо ресмон надоданд, ки ў фурўхта пулашро мехўрад. Ва чун ў фаҳмонд, ки барои адои қарз ин корро мекунад, мардак ба занаш зеҳн монда чунин ҷавоб дод:
— Мо як не, ҳазор розӣ, ту ин хел фикр накун, зарур буд, ки кардӣ, «зарур-ба раво», вагарна шираш он тараф, худи говро диҳанд, намегирӣ, – ўро дилдорӣ кард мардак.
Сабо аз гапҳои нарми ў об шуда, сахтгўиҳои зани ўро беҳуда ҳисобид, вале аз раъяш нагашт:
— Хайр, то бегоҳ ресмонатонро оварда медиҳам.
— Не, не духтарам, – рад кард мардак.
— Қарз дар қиёмат намонад, гуфтаанд.
— Ман бахшидам...
Сабо карахт шуд, вале зуд ҳолати рўҳиашро дигар сохта, ба маънии миннатдорӣ таъзим карда аз дарвоза баромад, вале дар дил гуфт: «То қарзамро адо накунам, устухонам дар ҷояш намешинад».
Ў ба ҳавлиашон баргашт ва ба оғил даромада ҳар шохбанд ва пораи ресмонкўҳнае, ки дар сутуну мехҳо баста буданд, гирифта ба ҳамдигар пайваста каманд сохт ва тешаи кундакро ҳам аз ошхона гирифта ба кўҳ рост шуд... Духтарак мисли занон сарвора не, балки мардсифат як пуштора ҳезум овард. Ва ба ҳавлии ҳамсоя бурда аз дарвоза дарун карда ресмонро кушода мегирифт. Занак омад ва аз гапҳои баланд-баланди ў мардак ҳам баромад:
— Кӣ гуфт? Кӣ гуфт, ки ҳамин корро кунӣ? – мазаммат барин гуфт ў. Духтарак ҷавобе нагуфта ресмонро кушод, даста кард ва аз дарвоза баромаданӣ буд, ки мардак ба зан фармуд: «Ўро ба хона дарор, гушна будагист».
— Не, амак, ман сер, – гуфта аз дарвоза баромад ва худ ба худ хулосае баровард: «Гумонаш, ман ин корро барои як бурда нон кардам... Ха-айр, ҳар кию ҳар чӣ...» Ў гушна буд, вале худро сер гирифт ва вақте ки хунук хўрда худро даруни намади сиёҳ печонид, гушнагиашро ҳис кард.
Аз дари дарвоза садое омад.
Сабо бархеста берун шуд ва зани ҳамсояро паси дарвоза дид.
— Чаро наистодӣ, духтарам? – гуфта зағораеро аз зери каш бароварда ба ў дароз кард.
— Не, хола...
— Амакат гуфт, ки «не» гўяд, омада ҳезумашро барад...
Сабо дасту по хўрд: «Шумо боз маро қарздор кардед».
— Қарз не, бигир.
Сабо даст дароз карда зағораро гирифт, дасташ ларзид. Занак ки баргашт, ў даруни дарвоза истоду истод. Баъд зағораро зери бағал зада роҳи хонаи Мизроб-муаллимро пеш гирифт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан