Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 365 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 365 аз 470 · 3 ноябри 2026

Чунон тохт, ки сояи худро зери пой монда гузашта мерафта бошад...
Ў ба ҳавлиашон даромада аввалин бор дар танҳоӣ ин қадар зиёд гирист. Ў мегирист, вале гаштаю баргашта ба лаби теппа менигарист, ки Ҳусен аз гуфта пушаймон, омада ўро ҷеғ зада...

17

Рафтори Ҳусен аз муомилаю тундиҳои модарандар ҳам ба Сабо сахттар расид. Ва ў дар ин танҳоию хомўшии субҳона бори дигар рафтори охирини модарандарро пеши назар оварда ҳайрон монд. Намефаҳмид, ки барои чӣ ў муомилаи хуш кард. Сарфаҳм нарафт. Пас реҷаи дигар кашид. Саҳари сабо ба кўча баромад, ки бригадирро ёфта гапзанон кунад, то раиси ҷамоатро ёфта ўро дар дафтари хоҷагӣ сархоҷагӣ нависанд ва ў озод баромада дар колхоз кор кунад. Ў рафт ва аз рў ба рўи осиёб баргашт. Ва ба сараш зад, ки ҳозир Ҳусен говҳоро ба об мефарорад. Ў.бояд аз ин ҷо гурезад. Боз нишеб шуда ҷониби идораи колхоз рафт. Фақат табелчиро дучор омад.
— Акаи табелчӣ, кор ёфта те! – хоҳиш кард ў.
— Чӣ хел кор? Беҳтараш, мактаб рав.
— Ман мактабро кайҳо тамом кардаам...
— Ин хел ки бошад, ба ту кор ёфтан душвор.
— Ман бояд қарзҳоямро адо қунам...
— Ҳамин қадар тагу боло задӣ, баробар карда натавонистӣ?
– ишора ба дуздиҳои духтар кард ў.
— Не, баробар нашуд, кадом вақте ки дар рўи олам як тан доро намонд ва кадом вақте ки хаммаю суфраҳои пур холӣ шуданд, ҳамон вақт ман қарзҳоямро адо мекунам, вагарна рўз то рўз қарзам зиёд мешавад.
— Инаш кори ту, духтарак.
— Бале, кори ман, ба шумо зўр намеояд.
— Калонҳо барин гап мезанӣ, а?
— Замона ба ҳама сабақ омўхт, ака, набошад, вақти назди шумо омада кор талаб карданам не... Мадад пурсидам...
— Чӣ хел ба ту мадад карда метавонам?
— Агар кор ёфта надиҳед, боз корамро давом медиҳам.
— Чӣ коратро?
— Худам медонам.
Духтарак шайтон барин аз назди табелчӣ дур шуд. Ў ҳайрон монд ва надонист, ки ў куҷо рафт. Ба назар ў бепарво рафт, вале дар танҳоӣ хуни дил мехўрд, махсусан, ки ҳаво сард мешуд, ғами ў зиёда мегашт. Акнун намади сиёҳи коза кор дод. Ў қати намадҳоро тамоман накушода, мисли дарзаи пул, ки баъзан қабати рахти кўрпа гузоранд, ҷо шуд. Бекорӣ ва гуруснагию бекасӣ ба дили духтарак зад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан