Дам-дами баромади моҳ Сабо ғанаб кард, вале дурусттар чашм напўшида амаки Амон сурфа карда хест. Сабо ҳам, ў хез нагуфта, химчаро гирифта рафта, говҳоро аз гандумпая ҳай карда овард.
Амаки Амон ҳўб баст. Ва Сабо аз пеши худ ҳўб гардонд. Хомўшӣ буд. Сабо он рўзи «дузддорӣ»-ро ба хотир оварда дар дил «ин қадар ин мардак хомўш, ин қадар ин мардак пуршўр» мегўяд, вале хомўшии шабро халалгор нашуда, гоҳ-гоҳе хеле эҳтиёт карда, бар тахтапушти гови канор химча мезанад.
Моҳ баланд баромад. Мисли офтоб равшанӣ додан мехост, вале қувваташ набуд. Дар ин шаб як чизи муҳим намерасид. Зарур буд он чиз, вале худи Сабо намефахмид, ки он чӣ чиз аст. Ҳамин қадар, ки Ҳусенро ёд карда ин шабро аз ҳама чиз пур медид...
Аз болодасти деҳа як садое омад. Овози баччагонае буд. Месуруд ва дар овозаш як навъ тарсу ваҳм ҳис карда мешуд. Садопардаҳо меларзиданд...
— Ана омад, – гуфт амаки Амон садоро шунида ва сараш ҳам гирди хирман мезад.
Сабо мехост ба пешвози ў тохта, пешакӣ ҳама гапро гўяд, то амаки Амон ягон чиз нафаҳмад. Вале худдорӣ кард. Барои ў муҳимаш он, ки Ҳусенро мебинад.
Ҳусен наздик омад ва дар равшании моҳ сари хирман ду касро дида сурудаш дар гулў монд. Ў ҳоло каси дуюмро нашинохта буд, вале Сабо аз паси ҳўб гашта гап мекофт, гап тайёр мекард.
Аммо чӣ? Маълум не. Беҳтараш, хомўш истад, то Ҳусен чӣ гўяд.
Лекин ин хел нашуд. Чун Ҳусен ба хирман наздик шуда, ҳайрон бозистод, Сабо лаби хирман омада ба гап даромад:
— Куҷо мегардӣ? На дар хона, на дар сари хирман!
Ҳусен ё рамузи гапи ўро пай бурд ва ё дар дил чӣ гапе дошт, ки ногап рў тофта ба каппа рафт. Чунин рафтораш ба Сабо сахт расид. Гумони ў, ки Ҳусен омадани ўро намехоста бошад. Духтарак фаромўш кард, ки говҳо фўк зада аз байни нармаю кафа гандумро ҷудо карда кафшер доранд. Ин чиз барои ў аҳамияте надошт. Фаромўш ҳам карда буд. Ў хафа шуд, дилаш ба танг омада аз амаки Амон ҳам ибо накарда, сўи каппа тохт: «Ҳусен!»
Ҳусен ба ў нигоҳ ҳам накард.
— Маро ҳабс накарданд, ту барои ҳамин хафа?
— ...
— Барои омаданам?
— ...
— Он рўз милиса чӣ гуфта туро ҷавоб дод, Ҳусен?
— Гуфт, ки дузд духтари Назири сиёҳ будааст!..
Дастони аз ду чўби паҳлўи даромадгаҳи каппа доштаи Сабо мисли резинкаи кандашуда ба баданаш бархўрданд. Баъд ў аз чизе ҳаросида пас-пас рафт. Аз каппа дур шуд. Ба лаби теппа наздик омад ва якбора рў гардонда ҷониби деҳа тохт.





