— Нон ҳаст, Сабоҳат, вале ба ин пул нон надоданашон мумкин,
– гуфта худи Мастура сўи бозор шуд. Вале бозомадани ўро Сабо нигоҳ накарда аз сарой баромада, аз пайи зани Мизроб-муаллим тохт. Роҳи тўлонӣ барои онҳо вазнинӣ кард. Ба пои аспону харон гашта натавониста, ақиб монданд, шалпар шуданд. Хомўш мерафтанд, гўё мадору маҷоли гап надоштанд. Занак дар бораи фарзандонаш, беҳуда гузаштани рўзаш андеша дошт ва Сабо маънии муомилаи модарандарро нафаҳмида раҳораҳ худ бо худ муҳокима мекард.
— Беҳуда овора шудам, – буғзи дил кафонд занак. Аммо Сабо ба ў чизе гуфта натавонист. Ў андеша мекард, ки як бори дигар анбори Абдулло-селпоро мезанад ва ё сари хирман рафта аз амаки Амони меҳрубон илтимос мекунад, ки каме гандум диҳад, барои баччаҳои Мизроб-муаллим ва Наташа.
— Хайр, хола, – ҷониби осиёб рост шуда гуфт Сабо.
— Ҳамроҳи ман намеравӣ?
— Не.
— Дар ин говгум куҷо меравӣ?
— Хонаамон.
— Ой духтар, биё, хонаи ман – хонаи худат...
Аммо Сабо нарафт. «Баъд меоям» гуфта аз ў ҷудо шуд ва рост адири пушти осиёбро баромада сари хирман рафт. «Амаки Амон!...
Ҳусен!» ҷеғ зад духтар аз дур. Ҷавоб нагирифта пеш рафт: «Амаки Амон!.. Ҳусен!» тез-тез ҷеғ мезад ў. «Ҳў-ҳў-ҳў!» аз байни хирман хеста садо дод амаки Амон ва «кӣ?!» ҳам гуфта пурсид.
— Ман, амак ман! Сабоҳат!
— Чӣ мегўӣ?
— Хусен нест?
— Не!
— Куҷо рафтааст? – парешон шуда пурсид Сабо.
— Хонаашон!
Сабо худ ба худ суол мекард, ки амаки Амон хоҳари Ҳусен набудани ўро донистааст ё не.
— Магар ба хона нарафтааст? – боз пурсид мардак.
— Не! – таваккал ҷавоб дод Сабо.
— Набошад, ба куҷо? – ошуфт амаки Амон.
— Шояд ба хона рафта бошад, амак. Ман дар хона набудам,
– гуфта худро аз вазъият халос карданӣ шуд ва бепарво рўи хирман баромада нишаст ва охурча кофтан гирифт.
Амаки Амон чизе нагуфт. Ҳайрон ҳам набуд. Бепарво дароз кашид ва фақат ҳамин қадар гуфт: «Хобат бурда намонад, моҳ, ки баромад, ҳўб мебандам».
Сабоҳат бемадор шуда бошад ҳам, хобаш набурд. Намедонист, ки Ҳусен дар куҷост. Ҳар лаҳза сари забон меовард, ки пурсад:
«Ҳусенро ҳабс карданд ва ё сар доданд?» вале худдорӣ мекард.





