Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 362 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 362 аз 470 · 3 ноябри 2026

Дандонҳои Сабо газ-газ шуданд: хост баланд фарёд зада «Чаро додӣ, чаро додӣ, чаро додӣ?!» гуфта думушта ўро хуб кўбад, вале бефоида будани ин корро дида, лаб газид, дандон фишурд. Пайкари лоғари ў аз ҳаяҷони зиёд меларзид.
Онҳо дигар саволу ҷавоб накарданд, гарчӣ ба ҳамдигар саволи зиёде доштанд. Занак ҳоло ҳам харидор меҷуст, вале Сабо ба қиёфаи занак, ба дастони ларзон ва сўзании сафед, ки мисли офтоб гулҳои мудаввари калон-калони ранга дошт, менигарист.
— Ҳамин сўзаниро нафурўшед-чӣ, хола?
Занак як теғ кашида ба ў нигарист ва боз сўзаниро баландтар бардошт. Ва баъди андаке муддат Сабо дид, ки дасти занак боло шуда то чашмаш рафт. Ў бо гўшаи сўзанӣ ашкашро пок кард ва баъд хам шуда, аз гуруснагӣ бошад, ки шикамашро дошта сари по нишаст. Сабо аз китфи ў дошт ва:
— Ҳушёр истед, хола, – гуфта дар пушти ў зону ҷафс карда муттако шуд. – Хезед, ба сарой равем, хола, – аз зери бағали ў дошта мадади хестан кард, вале занак баҳузуртар нишаст.
— Бозор хунук шуд-а? – ноумедона пурсид занак.
— Не, хола, ҳоло мардум муомила доранд. – Мадори дил шуда гуфт Сабо.
— Як кас напурсиде-е, – ба фурўш нарафтани сўзаниро дар назар дошт занак.
— Лозим мешавад, хола, – гўё ақл шуд Сабо.
Занак сару рўяшро силаву дастмол кард ва гўё ба худ омада чанд бор зуд-зуд мижа зада бархост. Сўзаниро таҳ карда ба латтае барбаст. Гўё то ин вақт ишораи Саборо нигарон бошад, ҳамроҳаш қадам монда аз дарвозаи бозор берун шуд.

16

Сарой холӣ мешуд. Охирин бозорчиҳо барои хару аспашонро дар сарой бастан ба дасти Мастура танга дода ва чек гирифта, ё нагирифта бозгашт мекарданд. Ва Сабо ҳам ин ҳолро айни муддао дониста, ҳамроҳи зани Мизроб-муаллим ба деҳа баргаштанӣ шуд.
Магар аз чунин қасди ў модарандар огоҳ шуд, ки «Сабоҳат, ин пулро гиру рафта аз бозор нон биёр» гуфта мехрубонӣ кард. Дар айни ҳол ба ў бовар кард, ўро наздик донист, ки хизмат фармуд.
Сабо ба зани Мизроб-муаллим нигоҳ кард. Баъд ба модарандар рў овард: «Ман бозорӣ карда наметавонам».
— Ба растаи нонфурўшон рав, нархи нон маълум, – гуфта Мастура ўро шерак кард, – ба ин пул хурдтарин нонро доданашон мумкин.
Сабо бо гардани баста рафт. Вале зуд баргашта «Нон нест»
гуфт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан