Одатан рўзҳои ҷумъа бозор аз одам меҷўшид. Сабо ҳам қатори бозорчиҳо ба бозор даромад, бештар барои он ки зани муаллим Мизроб рўиҷо (сўзанӣ)-ро чанд фурўшад ва ба ивазаш чӣ гирад. Ў шаби орд бурданаш сўзаниро дар рўи рахти кўрпаҳо дида буд, вале ҳеҷ гумон надошт, ки зани муаллим онро ба бозор андозад. Имрўз занак онро чанд қат гардонда, гўё ба қади худаш чен мекарда бошад, аз ду гўшааш дошта чашми харидор меҷўяд.
Сабо чандон ба занак наздик намешавад, як меояду мебинад, ки ў ҳоло ҳам аз ду гўшаи сўзанӣ доштан дорад. Касе харидор намешавад, Сабо гузаро шуда меравад, ғамиву хафа меравад.
Тамоми бозорро давр мегардад: аз бозори ғалла серодамтар ҷоро намебинад. Мардум бозорӣ арзон фурўхта, ғалла қимат мехаранд.
Дар бозори ғалла қанорҳои пур не, балки муштақ-муштақ ҷаву курмак, ҷуворӣ ва баъзан гандуме, ки сиёҳаку такбез аз сарбезаш зиёдтар бошад, ёфт мешавад. Харидорон дар даст халтаҳо гирди фурўшгоронро давр мезананду давр. Хоҳанду гирифта натавонанд.
Сабо бозори камбизоат ва серодаму каммағалро чандин бор давр зад ва оқибат ба занаки сўзанифурўш наздик омад. Занакро безобита дарёфт. Ў зуд-зуд ба атроф менигарист, гўё ягон кас омада сўзанӣ аз дасти ў зада мегирифта бошад. Сабо наздиктар омадан гирифт. То назди занак омад ва даст дароз кард, ки аз як лаби сўзанӣ дорад. Занак як ба вай нигоҳ карду боз аҳамияте надода чашм ба одамон дўхт.
— Чанд пул, хола? – лаби сўзаниро каме кашида пурсид Сабо.
Занак як назар ба вай чашм давонд ва боз ногумон ба хаёли худ банд шуд.
— Сўзанӣ чанд шуд, хола? – боз пурсид духтар..
— Нахарӣ, чӣ мепурсӣ? – боз аҳамияте надод занак.
— Ордатон тамом шуд-чӣ, хола?
Занак аз ин савол як қад парида сўзаниро байни ду мушт пахш кард ва ба духтарак пурнафрат нигарист:
— Ин ту шайтон, ки маро шармсор кардӣ?
— Чӣ хел шармсор?..
— Ту орди дуздиро ба хонаи ман овардӣ?
— Чӣ хел орди дуздӣ?
— Орди Абдулло-селпоро...
— Кӣ гуфт?! – тоқат накарда баланд пурсид Сабо.
— Худам... Худам донистам, ки орди дуздӣ будааст, бурда додам...
— Чаро ин хел кардед? – ларзида фарёд зад духтар.
— Орди ҳаром ба ман чӣ лозим?..





