Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 360 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 360 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Синфи ҳафтумро тамом кардам. Шумо мегўед, ки кўдак...
Агар мактабро намебастанд, боз мехондам... Ман хурд не, хароб.
Азоби зиёде кашидагӣ...
— Боз се соли дигар сабр кун, – ба китфи ў даст зада, гўё навозиш кард Қодиров.
— Ман сабр мекунам, лекин ҷанг сабр мекунад?
Аз ин саволи духтар Қодиров мот шуд. Ва барои ўро ором кардан гуфт:
— Сабр накунад, боз беҳтар, ҳар қадар зудтар ғалаба кунем, бахти ту.
— Гапатон рост, лекин маро назди падарам, назди духтурзанак
– Зоя фиристед.
— Зоя? Зоя ба наздикӣ меояд, падарат ҳам...
— Набошад, номи маро навишта монед, рафиқ комиссар. Назирова Сабо...
Берун шўре ба миён омад. Аскарбаччаҳо аз дар баромада аввал бо гуселиҳо гардан гирифтанд ва баъд ба мошинаҳо савор шуданд. Худи Қодиров як ба як ному фамилияашонро хонда тафтиш кард.
Мошинҳо роҳӣ шуданд ва фиғонҳо баланд.
Сабо гумон кард, ки ғайр аз ў дигар ҳама рафтанд. Ў танҳо монд. Вале баъди то сари кўчаи калон тохта, даст афшондани одамонро дидан яқин кард, ки дар ин ҷо ҳам як армияи калон одамон мондаанд. Чун онҳо ба роҳ даромада ба ҳар ҷониб парешон шуданд, Сабо пиндошт, ки ташвишашон акнун сар шуд.
— Амаки Қодиров, ман боз меоям! – вақти рафтан гуфт Сабо.
— Наё, лозим шавӣ, худамон ҷеғ мезанем.
Духтари дар азобҳои зиёд гиря накарда аз дари Комиссариати ҳарбӣ гирён баргашт...

15

Онҳое, ки пагоҳ дар бозор кор доштанд, як рўз пеш омада ё
барои молашон харидор мекофтанд ва ё чизи даркориашонро
пештар суроғ карда меёфтанд. Бештар ба мардум ғалла ё орд
лозим буд. Ва онҳо азоби ҷангро дар ҳамин чиз – дар набудани
хўрданӣ медиданд. Онҳо ҷангро надидаанд, шунидаанд, аз рафтану
барнагаштани ҷавонмардон донистаанд. Ва бештар аз он, ки бозор
ба бозори ҳарбӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо ягон чизи ҳарбӣ, сару
либоси аскарӣ фурўхта намешавад, балки беҳтарин чизе, ки мардум
доранд, ба ивази нон ба бозор мебароранд. Дар ин ҷо доду фарёд
нест. Кам куну зам кун нест. Беҳтарин чизро ба камтарин хўрданӣ
иваз мекунанд. Қариб савдо намешавад. Дар ин бозор пул қурбе
надорад. Лекин пирамардону зану духтарони зиёде ҳастанд, ки ё либосҳои аз бародару писару шавҳар мондаро бозор овардаанд ва ягон чизе, ки аз ҳунарашон сохтаанд ва баъзеҳо кўҳнафурўшӣ низ кунанд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан