Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 359 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 359 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Пояш хоб рафтааст, – зуъми духтаракро пай бурда ҷавоб дод милиса.
Ва баъди ҳамин ў Саборо назди модарандар монда рафт.
«Шумо Ҳусенро озод накардаед, маро фан додед!» – хост аз паси ў дод занад Сабо, вале дар назди моиндар муносиб надид.


Субҳ дамид ва Сабо хост ҳамроҳи торикӣ аз ин ҷо гурезад, ба дуродур равад, то ҳеҷ кас ўро дарёфт карда натавонад. Вале зуд фазо равшан гашта пои равони ўро аз фирор боздошт. Ў хуб сабр кард, ки милиса омада барадаш, вале аз ў дараке нашуд. Баъд Сабо оҳиста аз дарвоза баромад. Рўзи дароз овора шуд, ки аз сарсонӣ ва оворагиҳои деҳа дилгиртар буд. Вале тамоми шаб хобаш набурд.
Мазмун, ба бедории шабҳои гузашта одат карда буд. Шаби дароз дар сар нақша кашид ва фикру мулоҳиза кард, то пагоҳ бояд корро чӣ зайл анҷом диҳад. Ба таври худ, аз рўи фикру нақшааш: бояд ба деҳа рафта, колхозчӣ шуда кор кард. Боз ба шаҳр баргашта чекчии дари бозор шуд. Вале яке ҳам мувофиқ наомад. Хулоса, ба Комиссариати ҳарбӣ рафта номи худро нависонд, ба ҷанг рафта, духтурзанак – Зояро ёфт, аз номи Наташа салом расонд, аҳволи ўро гуфт ва ҳамроҳаш маҷрўҳонро марҳам шуд.
Бо чунин фикру ният Сабо ба дари идораи Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд. Роҳравҳои назди идораи Комиссариатро китф зада гузашта намешуд. Пирон ва пиразанон рўи роҳҳо нишаста буданд.
Ҷавонҳо чандон зиёд набошанд ҳам, паси сари нишастагон чо-ҷо рост меистоданд. Кўдакон дар бағали пиразанҳо хобида буданд ва ягон-ягон паҳлўи калонҳо ба по рост мешуданд. Дар сари роҳ чанд мошин қатор буд, вале касе ба мошин наменигарист. Ҳама ба дари даромади идораи Комиссариати ҳарбӣ нигарон буданд ва фақат ду фамилияро такрор мекарданд: Кайков, Қодиров.
Мардум чунон омода буданд, ки гўё таркидани чизеро интизор бошанд.
Сабо аввал ба ин оромию хомўшӣ боҳайрат нигарист ва якбора таркиш ба миён меовардагӣ барин аз байни одамон гузашта ва дари дуқабатаро кушода рост даромад. Нишастагон андоми хароб ва лоғари ўро дида гумон карданд, ки ё падар ва ё бародарамро аз ҷанг гардонед, гуфта омадааст. Қодиров ҳам бо ҳамин ақида ўро дар дами дар нигоҳ дошта пурсид.
— Не, ман худам, барои худам омадам, – мефаҳмонд духтар.
— Чӣ хел барои худат? – мепурсид Қодиров.
— Барои худам, худамро ба ҷанг фиристед.
— Ақлатро гум кардаӣ магар? – ҳайрон шуд Қодиров. – Ҷанг магар кори ту?! Аз даҳонат бўи шир меояд...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан