Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 358 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 358 аз 470 · 3 ноябри 2026

Падар ҳайрон: сарашро хабар мегирад, ҳеҷ чиз нест. Аз писар мепурсад, вале ў ҷавоб намедиҳад. Падар парешон мешавад ва як рўз «Ман ба кор рафтам» гуфта аз дар берун мешаваду болои бом мебарояд. Мебинад, ки занаш писарро даъват карда хона медарорад ва дарро маҳкам мекунад. Падар пушти дар омада гўш меандозад, ки садои нолаи писарак меояд: «Андозӣ ҳам, майдаашро андоз, ки сарамро хўрд».
Падар тоқат накарда, дарро шикаста медарояд ва сирру савдоро мебинад.
Мардак ду дасти моиндарро рўи зеркунда гузошта, бо табар мебуррад ва рост ба қозихона рафта хабар медиҳад, ки ман чунин кардам...»
Афсона тамом шуд. Асп ба як маром мерафт. Милиса хомўш буд: аз афти кор, афсонаро таҳлил мекард. Вале Сабо интизор, то ў чӣ гўяд. Асп як пеши по хўрда рост шуд ва милиса ҳушёр гашт, ки оҳиста оҳолуд гуфт:
— Не-е... модари ту ин хел не... Вай Назири сиёҳро дўст медорад.
Вале Сабо ба сухани ў ҷавоб ёфта натавонист.
Онҳо, ки зиёда аз бист километр роҳ паймуда буданд, соатҳои дуи шаб ба дари сарой расидаид. Милиса бо дастаи тозиёна дари саройро кўфт. Сабо зуд худро аз пушти аспи милиса ба замин партофт, то ҳолати ўро моиндар набинад. Пойҳои ў шах шуда буданд, ки рагҳояш сих заданд. Сабо рўи замин фурў нишаст ва пойҳояшро молидан гирифт.
«— Кӣ?» – аз дарун садои занона баромад.
«— Ман!» – ҳамин қадар гуфт милиса ва занак овози ўро шинохт, ки дарвозаро кушод. Ва Сабо ба ин чизҳо аҳамият надода менишаст. Сўи моиндар нигоҳ ҳам накард. Вале моиндар рўи замин хурдакак шуда нишастани Саборо дида пеш омад. «Ту куҷо мегардӣ, Сабоҳат?» Дилсўзу нарм назди ў нишаст. Вале ба Сабо расид, ки ў бо забони мор гап мезанад, дар назди милиса ширингўӣ мекунад: «Хез, духтарам, ҳона даро!» Баъди чунин гуфтору рафтор ба бадани Сабо мурғак давид. Ҳеҷ ба гапи ў, ба нияти ў бовар карда наметавонад. «Ин ҷо ягон гап ҳаст ё ягон макр» – андеша мекунад ў ва ба рўи модарандар нигоҳ карда наметавонад.
«— Хез, Сабоҳат, хез!» Гумон дорад, ки Сабо набояд сухани ўро ду кунад, дилпур ба хона даромад. Сабо хаёл дорад, ки ў гўяду аз таҳти дил ўро нахоҳад.
«— Сабоҳат, хез, биё!» – овози милиса омад.
Сабо як ковок шуд, ки хезад, вале раги пояш кашида, боз нишаст.
Ва баъд милиса омада аз дасташ бардошт, то хезад. «Худам, амак, худам!» – гуфта Сабо хест ва лангон аз дарвоза даромад.
— Чаро мелангӣ, Сабо? – ҳайрон монда пурсид Мастура.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан