Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 357 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 357 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ва ба ҷои чунин андешаҳо Сабо чизи дигар пурсид:
— Абдулло-селпо ҳамин хел мемонад, амак?.
— Гуфтам-ку, ҳар кор вақту соат дорад...
— Не-не, ҳамчун дузд.
— Ҳамон хирманкўби беандеша қаҳрамро овард... дуру наздикро андеша кардам... Ресмони хақиқат дароз, духтарам, – «оҳ»
мекашидагӣ барин нарм гуфт ў. Ва боз ягон гап, ваъда ва ё симои Абдулло-селпо ёдаш омад, ки Саборо бо оринҷ ниқӣ кард:
– Маҳкам дор!
Сабо як қад парид ва ҳамон лаҳза милиса ўро маъқул нашуд...
— Маро куҷо мебаред, амак? – ҳаросида пурсид ў.
— Куҷо мебарам? Ба хонаатон, назди очат!
— Ў ба ман оча не, амак...
— Аҳмақӣ накун! Ҳавай хоҳиш кард, ки ман туро ёфта орам...
Ман аз дуздии шумо хабар надоштам...
Сабо хомўш монд. Ҳарфи мардакро таҳлил мекард. Вале намедонист ва бо фикр кардан ақлаш намедавид, ки чаро модарандар боз ўро дидан хостааст.
— Шумо ўро нағз мешиносед, амак?
— Киро?
— Моиндари маро.
— Лекин ў туро «духтарам» мегўяд, – моиндар гуфтани Саборо хуш накард милиса.
— Шумо намедонед, амак, намешиносед ўро. Ман дар бораи ў ба шумо ҳеҷ чиз намегўям, амак. Лекин афсонаи модаркалонамро ҳикоят мекунам...
— Хўш!...
«—...Як занмурда зан мегирад... Ў аз зани аввалааш писаре доштааст. Панҷсола. Ҳамин писарандар ба дили занак нағунҷидааст. Рўзе моиндар-занак бо модари пири ҷалоҷинаш маслиҳат кардааст ва гуфтааст, ки бо ин писарак чӣ тадбире кунад, то аз ў халос шавад. Кушад, шавҳараш мефаҳмад, ба ягон ҷой бурда партояд ҳам, мефаҳмад. Чӣ кор кунад? Пиразан ваъда додааст, ки баъди се рўз илоҷашро мегўяд. Хулоса, баъди се рўз кампири зол ба духтараш фармудааст, ки як пора гўштро дар офтоб гузорад, то пашша пошад. Моиндар як пора гўшт ба офтоб гузоштааст, пашша пошидааст. Кампири зол гуфтааст «сабр бикун, то пошида кирм шавад». Пошида кирм шудааст. Кампири зол фармудааст: «Ана акнун ҳар рўз се кирм ба гўши чапи писарак биандоз ва таъкид бикун, то ба падар нагўяд». Моиндар ба писарак қанду қурс дода ўро фан кардааст ва ҳар рўз се кирм. ба гўши ў андохтааст..
Аз ин кирдор падар бехабар. Вале мебинад, ки ранги рўи бачча заъфарон мегардад. Писарак сар ба девор мезанад, ба замин мемолад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан