— Аз пайи корат шав, кампир. Ҳоло ки замбўри хоколуд нашудаам, баргард!..
— Агар ба ин духтар як гап шавад, линги ту барин милисая аз осмон меорам, – ба дўғи ў дўғ зад момо.
Асп дар дили шаб роҳ мепаймуд. Шаб, ки ҳама ҷо ором буд, садои ҳар қадами асп ва ба кўрсангҳо бархўрдани наъл шунида мешуд. Ҳатто нафасгирии Сиёҳмушкинро Сабо мешунид. Ў паси зини марди бегона нишаста буд. Базўр аз ду бари камзўли ў медошт. Вазнашро ақиб мепартофт, то нўги синачаҳояш ба пушти мардак нарасад. Онҳо ҷангӣ барин мерафтанд. Ҳай роҳ тўл кашид. Гўё охир надошт. Садои якмароми суми асп ҳеҷ суст намешуд. Чун фарозҳоро якка-якка қадам монда мебаромад, Сабо мехост оҳиста аз сағрии асп шорида фарояд, вале милиса ҳар бор «Маҳкам дор, хобат набарад, наафтӣ!» гуфта, ўро ҳушёр медошт.
Хомўш мераванд, вале дили духтарак ором нест. Ҳарчанд милиса «Ман ҷўраи падарат, ман ба ҷои падарат» мегўяд, дилу хотири Сабо ҷамъ нест. Ў дар бораи одаму одамгарӣ бисёр шунидааст, вале кам дидааст, барои ҳамин бо чунин ақли нокомилу кўдаконаи худ ба одам бовар намекунад. Ва ҳамаи ин аз ҳамон афсона ва... аз дасти моиндари худ. Бад мебинад ўро ва гумон мекунад, ки ҳама ҳамин зайланд. Моиндар – зани падар, соҳиби хонаи худ, ки чунон кард, аз дигарон чӣ гила? Хотири ў парешон. Роҳ тўлонӣ аст: ҷару ҷў дорад, боғоти бекас дорад ва духтарак аз ин ҷойҳо метарсад. Чунки дар ин бора ҳам афсона зиёд. Хоса афсонаи Савсани ба рўд рафта: «Гўё дар миёнаи Зарафшон чашми ҷиян
– Савсанро об бурда аз пушти зини тағо ба ҷўши об задааст ва тағо ўро наҷот дода натавонистааст... Лек Сабо шунида, ки тағои сархуш кушта...»
Чун милиса «маҳкам дор!» гуфта ўро ҳушёр мекунад, духтарак аз банди хаёл раҳо шуда, андаке ба худ меояд, аз бари камзўл ё кўҳаи пушти зин медорад ва ҳис мекунад, ки ҳарорати тани мардак ба сари синаи ў мерасад ва ў худро пас кашида дастонашро сар медиҳад ва хомўш меистад. Ва «ана-ана» милиса ба ў ягон чиз мегўяд, ё сари аспро ба дигар тараф мегардонад ва ё аспро лаҷом мекашад: «ана-ана!» такрор мешавад дар сари ў. «Рост ист!» дод мезанад милиса, «Маҳкам дор!» мегўяд ў ва андешаҳо аз сари духтарак парешон мешавад. Пас дурустакак нигоҳ мекунад, ки асп бо як маром роҳи тўлониро рост мепаймояд...
— Он писарак чӣ шуд, амак? – аз банди андешаҳо раҳо ва маъно кашиданӣ шуд Сабо.
— Сар додам, рафт, – ором ҷавоб дод милиса ва бо ҳамин сўҳбаташон анҷом пазируфт. Духтарак дар дил шодӣ кард. Сари дилаш пур шуда омад, ки ба мардак ягон чиз гуфта миннатдорӣ кунад, вале сухан наёфт. Не... Ба ҳар ҳол ҳазор мард ҷои як падарро намегирад. Ҳоло духтарак аз шодӣ хоҳад, ки мардакро сахт оғўш кунад, вале донад, ки бегона аст, худдорӣ мекунад.





