Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 355 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 355 аз 470 · 3 ноябри 2026

Милиса сарашро хам кард. Оҳиста тозиёна ба қоши зин зад ва худ ба худ сар ҷунбонд.
Ба гумони Сабо, ў бо Абдулло-селпо манша кардагӣ барин.
— Ха-айр! – мад кашид ў ва, – биё акнун ба район меравем,
– гуфт.
— Дузд чӣ мешавад? – иддаояш нотамом мондагӣ барин пурсид духтар.
— Дуздро пага омада мебарад.
— Агар шумо ҷўраи дадаи ман бошед, ўро сар диҳед.
— Агар ба ҷои ман дадаат мешуд, дуздро сар медод?
— Не, дузд дузд аст, бояд ҷазояшро бинад...
— Ту кўдак, гўлу гумроҳ, ҳоло ба ин гапҳо сарфаҳм намеравӣ,– гуфта милиса шарфаеро шунидагӣ барин ба пас нигарист ва касеро надида гапашро идома дод, – ман чӣ хел ба рўи мардум гўям, ки дузд ин духтар будааст? Ту инро мефаҳмӣ?
— Шумо фаҳмонед, ки дуздӣ не!
— Чӣ хел дуздӣ не?
— Агар ҳамин хел намешуд, баччаҳои Мизроб-муаллим мемурд... аз гушнагӣ... духтари Зояи ба фронт рафта мемурд...
— Чӣ-ӣ?
— Ҳамин хел... ин дуздӣ не...
— Дуздӣ набуда, чӣ?! – ба ғазаб омад милиса.
— Гапи амаки Амонро шунидед? Дузд – вай. Боз шумо як одами каппа-калон ба хонаи ў меравед. Шаби дуздӣ рафтанаш ман ҳам сари хирман будам.
— Хайр, шуд? – гўё таги дили духтаракро фаҳмид ў.
— Не... Бояд шумо ўро баред.
— Гуфтам-ку, шуд! Ҳар кор вақт дорад... Рафтем!
— Не... Чӣ хел ман ҳамроҳи шумо?..
— Ман ба ҷои падарат...
Сабо маънии гапи ўро аниқ нафаҳмид. Хаёл кард, ки ў модарандараш – Мастураро ба занӣ гирифтааст ва аз ин рў чунин гўяд: «Ман ба ҷои падарат...» Чӣ маънӣ дошта бошад? Духтарак хуб намефаҳмад. Ба ҳар ҳол як қувваест ва бовариест, ки духтарак ақаллан метавонад ҳамроҳи ў равад.
— Пагоҳ рўзона меравем, – таги дилашро гуфт Сабо.
— Чӣ, ман ту барин бекорам? – сахт омад милиса.
— О, пеши пот мурам, дар ин ғояти шаб ин духтари хонаро куҷо мебарӣ? – аз буни девор пайдо шуда пурсид кампири Ойша.
— Дар ин ғояти шаб ман духтари хонаро намехўрам, ин вазифа аст... Ва ту, албастӣ, шарик нашав! – ба момо нигоҳ карда дўғ зад ў.
— Чӣ хел?! Ман ба ў момо бошаму мулўҳ шуда шинам ва ту аз пеши чашмам гургосо ин барраро гирӣ, барӣ?! А? Ин хел бошад, ман ҳам меравам! – ҳаракати роҳ кард ў.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан