Сабо гумон кард, ки Ало рўи бом баромада кулўлаҳои аз хамиру шишапора сохтаашро хўрда ба ин аҳвол расидааст. Вале бовар накарда бо овози гиряолуди ларзон пурсид.
— Кӣ? Кӣ кушт?
— Тағои Абдулло. Бо дос зада кушт. Ана, – мардак сари сагро бардошт ва ҷои фурўрафтаю хунбастаи неши досро нишон дод.
— Барои чӣ, охир?
— Ту дар хона истода, анборро дузд задааст, гуфта, – як навъ карда фикри номураттабашро ифода кард мардак ва боз илова намуд, – ҳа, ду-се бор Алоро заданӣ шуд. Ало бар қадаш хез карда, саҳл монд, ки аз гулўяш гирад. Дасташро газид... Сари ҷаҳл дос андохта...
Мардак аз пои Ало, ки бо латтапорае печонида буд, дошта кашола кард. Сабо аз роҳаш гашта ҳамроҳи ў мерафт.
— Куҷо мебарӣ? – пурсид Сабо.
— Санглох бурда мепартоям.
— Чаро Санглох?
— Тағои Абдулло гуфт.
— Биё мегўронем... рав, бел ё каланд биёр...
— Не, ман дигар ба хонаи вай намеравам, бас...
Сабо ба андеша рафт: ҳам барои ин гап ва ҳам барои он ки аз куҷо каланд ё беле ёфта сагро гўронанд.
— Ба марги дўст кас месўзад, а, амак? – Алоро дар назар дошта пурсид Сабо..
— Не, вай дўстӣ надорад, – Абдулло-селпоро дар назар дошта гуфт мардак.
Ва сўҳбату нақшаи онҳоро аз дарвоза баромадани аспи милиса вайрон кард.
Сабо тозон ба ҳавлиашон омад, то милиса набинадаш...
14
Сабо аз пушти бом дид, ки аспи милиса кўчабоғро пуршаст гузашта, андаке назди дарвозаашон суст шуд ва боз башаст рафт ва аз паси он садои ғур-ғури мардҳо баромад, ки паёпаи асп рафтанӣ шуда тез мегаштанд. Сабо ҳам аз бом фуромада аз паси онҳо равон шуд.
Чандон вақти зиёд нагузашта милиса баргашта омад ва Сабо омадани ўро дида, қасдан рўи раҳ истод.
— Чаро дурўғ гуфтӣ? – лаҷоми аспро кашида пурсид милиса.
– Назди дарвоза меистам гуфта...
— Барои он ки шумо ба гапи ман бовар намекунед, – сархам ҷавоб дод духтар.
Милиса чӣ гуфтанро надониста ором ва ҳайрон монд. Сабо дар қиёфаи ў як навъ парешонӣ ва андешамандиро пай бурд. Бинобар ин зуд-зуд мижа зада, интизори сухани ў шуд.





