Шояд он вақт фаҳмад, ки «гандуми хамма, орди ҷувол ба дарди ў дармон шуда наметавонад...»
Сабо сукут варзид. Садои шовахона ба ў бад расид. Бад расид, ки то кай ин об беҳуда шав-шав кунад ва мисли тифли сархўр доимо даҳонаш яла ва пайваста «нон» гуфта ашк резад. Ин қадар рўз эътибор намедод ва ҳоло ин садо ниҳоят сахт расид.
Сабо ҷаҳида хест ва дартоз сари шовахона рафт ва аз баландӣ ба атроф нигоҳ карда тахтаи сарбандро аз тарафи нов гирифта ба комаи паҳлўчўби ду тарафи шовахона фурў дод. Об сўи нов гашт ва пас аз лаҳзае бояд ба парраҳо бархўрда осиёбро гардон мекард. Духтарак ваҳм карда гурехт ва саросема аз адир фуромада, аз сари девор ба ҳавлӣ даромад ва поид: осиёбон саросема сари нов баромада обро боз ба шовахона гардонд ва қоматашро рост карда як дашноми дастабиринҷӣ дод ва боз соясурат аз сари нов фуромада рафт.
Сабо ҳама гапро фаромўш карда базавқ хандид ва пас аз лаҳзае ба худ омад, ки нияташ аз ин кор масхарабозӣ набуд. Ў гумон мекард, ки ҳар балое ба сари мардуми деҳа ояд, гўё аз ногардонии осиёб бошад. Барои ҳамин ў баромада обро сўи осиёб гардонд, вагарна, сол аз дувоздаҳ моҳ садои оби шовахона гўшу майнаашро хўрад ҳам, парвое надошт. Ў рўи боми дарвозахона баромад.
Хориаш омада, лабонаш бозӣ карданд. Ба ҷои гиристан хандид.
Худ ба худ хандиду хандид. Ва якбора гўё ба сари ў касе мушт зада бошад, бозистод ва ба гап даромад: «Ман аз ҳамсоя қарздор, аз амаки Раҷаб гўшти қоқ қарздор, аз кампири Ойша ва аз Абдулло-селпо, аз ҳама зиёд – аз Ҳусен... Аз Ҳусен... Ҳа, чаро милиса бовар намекунад, ки дузд ман ҳастам?.. Чаро?.. Не-е, ў фаҳмид.
Лекин қасдан Ҳусенро қава кард. Баъди зиёфати Абдулло-селпо дар ду дунё ҳам Ҳусенро сар намедиҳад...»
Гўё касе ба буни гўши ў як торсакӣ фароварда, хез гуфта бошад, ҷаста хест ва аз нўкчўбӣ ба кўча фуромада, бо чӣ мулоҳизае тезтез гашта тангкўчаро рост шуд. Вале шасти ўро марде, ки қомат хам карда, пойҳояшро тира монда, чизи вазнинеро кашола карда меомад, гардонд. Сабо ин марди девонаавзоъро шинохт: Неъмат буд ў, вале хизматгори даргоҳи Абдулло-селпо будани ўро намедонист. Наздик омад, бозистода бо остини чоку кашолаш арақи пешонӣ пок кард ва боз зўр зад, то он чизро кашола кунад. Сабо худро канор кашид ва хуб зеҳн монда дид, ки мардак саги Алоро кашола карда меояд:
— Ҳа? – якбора аз буни девор баромада бо ҳамин як калимаи кўтоҳ бисёр чиз пурсид ў.
— Ҳа? – маънии саволи Саборо нафаҳмида гуфт мардак.
— Чӣ шуд? – ба саг ишора карда пурсид духтарак.
— Кушт, – гуфт марди девонаавзоъ ва нишаста гиря кард. – Чӣ хел саги асил буд ин?





