Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 352 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 352 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Барои чунин тарбия моморо гирем?!
— Не, додо! Деҳа набояд бе момо бошад. Аз маро бурдан чӣ мегирӣ? Беҳтараш, Саборо ба ман тею аз паи корат шав. Ман каси танҳо, писаронам аскарӣ рафтанд. Ман танҳои зоғ, мефаҳмӣ, танҳои зоғ. Ту одами калон, аз онҳо ягон хабар дорӣ?
— Хабар дорам, писаронат сиҳат саломат, ҳамин ки ҷанг тамом шуд, баргашта меоянд, – фолбин барин гуфт милиса.
— Дар нафасат ҷонам...
— Хайр, биё савор шав, меравем! – ба гапи кампирак эътиборе надода ба Сабо муроҷиат кард милиса.
— Ин ҳеҷ куҷо намеравад! – фарёд зада Саборо оғўш кард пиразан, суханони худи ҳозир гуфтаи милисаро фаромўш карда.
Садои кампири Ойша ҳама садою овозҳоро пахш кард, ки деҳа ором шуд, фақат садои нафасгирии асп ба гўш мерасид ва баъд садои ба қоши зин бархўрдани дастаи тозиёна, сонӣ садои шовахона. Ва (фақат ба гўши Сабо) аз Лалм «ҳўб, ҳўб!» гуфтани Ҳусен шунида шуд. Сабо дар дил шод шуд, ки ў озод ва аз пайи кори худ аст...
— Ту хонаи Абдулло-селпо намеравӣ? – яке пурсид милиса.
— Не, – бепарво ҷавоб дод Сабо.
— Набошад, ман бояд туро ягон ҷо маҳкам карда равам.
— Бе ҳамин ҳам ман маҳкам. Аз ҳама гурехта мегардам. Равед, ман ҳамин ҷо меистам.
— Ту мегурезӣ.
— Намегурезам. Модом, ки ба ман бовар дорад, намегурезам.
— Хайр, бирав, кампир, – аввал ўро аз Сабо ҷудо карданӣ шуд милиса.
Кампири Ойша гапи милисаро ду накарда рафт ва ҳамин ки милиса ба тангкўчаи Абдулло-селпо даромад, ў баргашта омад.
— Равед, момо, шуморо бинад...
— Охир, ту чӣ кор мекунӣ?
— Равед, ў ҷўраи падарам, зорӣ мекунам, ҷавоб медиҳад, – бо дили пур гуфт духтар.
— Ин хел бошад, вақти рафтан ба дари ман сар халон, – ба гапи ў бовар карда гуфт пиразан.
— Хуб! – гуфт Сабо ва моморо ду-се қадам гусел кард ва боз омада назди дарвозаашон раҳпоӣ кард: «Яке аз милиса падарам пештар ояд?» дар дил савол кард ў ва ҷавобе наёфта ба фикру андеша рафт. «Хайр, милиса ҷўрагиро фаромўш карду маро ба маҳбас бурд? Ё ба назди Мастура? Не, рўяшро Бўалӣ бинад...
Беҳтараш... беҳтараш гурезам... Ман қавл додам... Беҳтараш, маро бурда ба мактаб монад. Хонам, то омадани духтурзанак – Зоя хонам, ҳамин ки омад, шогирд истода кори ўро ёд гирам... Он гоҳ, барқасд, Абдулло-селпо бемор шавад, табобат мекунам... Майлаш, ба бадӣ – некӣ.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан