Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 351 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 351 аз 470 · 3 ноябри 2026

Духтар ҳам аз паси дар ўро нашинохт. Пас як овози пасти гулўӣ баромад:
«— Сабоҳат, ҳо Сабоҳат!».
Духтарак ҳайрон шуд, ин кас кист, ки ба ин хубӣ номи ўро мегирад. Сабо ҷавобаш надода, аз пушти дар ҳиқ-ҳиқ гирист.
Милиса дарро нимпўш карда, даст ёзонда аз банди дасти Сабо гирифт ва гуфт:
— Биё меравем, гиря макун, ҳамааш дуруст шуд.
— Чӣ ҳамааш дуруст шуд?
— Дузд ҳамун бачча будааст...
— Ў дузд не, худо маро занад, ки ў дузд не! Орди Абдуллоселпоро ман дуздидам...
— Ҷиммм!.. Беақлӣ накун! – даҳони духтаракро бо кафи даст пўшиданӣ шуда даст дароз кард милиса.
— Ман худам ба Абдулло-селпо рафта мегўям, ки ордатро ман дуздидам...
— Не, ту акнун ба Абдулло-селпо не, ба суд ҷавоб медиҳӣ?
— Абдулло-селпо чӣ?
— Чӣ, «Абдулло-селпо чӣ?»
— Ў ҳам дузд-ку... Баъд ман бояд гўям, ки барои чӣ ман ин корро кардам...
— Ҳа, ҳамаашро мегўӣ, парво накун.
Сабо ҳамроҳи милиса баромад. Вале намехост, ки ҳамроҳи ў ба асп савор шуда, ба ноҳия равад. «Ҳай кун, ман пиёда меравам»
гуфт. Вале чӣ шуд, ки милиса дастаи тозиёна ба кафи чап ва қоши зин зада ба андеша рафт?.. Ва касе, ки аз пеш зери лабу димоғ ғур-ғур карда меомад, хаёли ўро гурезонд. Сабо ўро шинохт, вале гап назада истод. Ў наздик омад ва пурсид:
— Кадомӣ?
Онҳо ҷавоб надоданд.
— Раисӣ, бригадӣ?
— Корат чӣ, хола? – пурсид милиса.
— Корам не-ю дар ин бевақтӣ ин ҷо истодаӣ?
— Ҳамту.
— Э, милисаӣ? Назирбекӣ? – номи падари Саборо гирифта пурсид ў.
— Ҳа, – қасдан «ҳа» гуфт ў.
— Э, ёдат бахайр, Назирбек. Як одами даҳонкалон, духтари хонаро беруни дар кардаӣ...
— Аз пайи корат шав, хола, ба ҳар лой коҳ нашав! – маслиҳат дод милиса.
Сабо нўги забон меовард, ки «ҳамин, ҳама балоро барангехтагӣ ҳамин» гуфта кампири Ойшаро ба ў шинос кунад, вале некиҳои ўро фаромўш кардан нахост, ба ҷои ин «амак, ин кас кампири Ойша, момои ман» гуфт. Аммо милиса ба ў дағалӣ кард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан