Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 350 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 350 аз 470 · 3 ноябри 2026

Милиса ангу манг монд. Бо духтар чӣ муомила карданро намедонист. Ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки дузд ў бошад, барои ҳамин гап задан намонд, то одамони паси дар нашунаванд. Ў ба танг омада буд. Гўё касе ба дили ў сўзан зада кашид ва риштаи пургиреҳи он мағзи дилашро харошида ва озурда гузашт. Милиса хаёле ларзид ва сару рўяшро арақ пахш кард. Қиёфааш дигар шуд. Дар чашми Сабо пурҷиготи сип-сиёҳ намуд ва аранге ба падараш монанд шуд.
Духтарак бо ў баробар шуда натавонист, ки рўи коҳ нишаст. Ва милиса ўро таслимшуда пиндошта, Ҳусенро аз дар баровард.
— Не, ўро набар! Дузд манам! – фарёди талху тунд зад Сабо.
Милиса ба гапи ў гўш надода аз болои Сабо дарро қуфл зад.
Сабо куҷо донад, ки мардум дар берун чӣ аҳвол доранд.
Коҳдон дам мезад. Бўи коҳи намкашида меомад, димоғро хориш медод. Духтарак хеле интизор шуд. Касе дарро накушод. Баъд ў тахтапушт ба дар гузошта пойҳои осўхта барин сиёҳу харобашро дароз карда нишаст. Аз равзана осмони софи моҳи август метофт... Духтарак ба равзана менигарад ва гумон дорад, ки ана ҳоло Ҳусен аз он ҷо барояш каманд партофта «баро!» мегўяд.
Вале ба ҷои Ҳусен як пора офтоб аз равзана дохил шуда, ба девори тарафи шарқии коҳдон афтидааст ва оҳиста-оҳиста мисли маҳ коста мешавад.

13

Гўё рўи пораи заррини офтоби деворро андуданд, ки баъди чанд муддат фазо тира шуд ва коҳдон ваҳмангез гашт. Ўро дар ин ҷо «ҳабс» карда буданд, озод набуд. Аз дилтангӣ мисли мурғ бо нўги пой коҳро тит кардан гирифт. Баъд аз роғи дар берун нигарист. Як сурати одамӣ омад-омаду аз назди дари коҳдон гузаро шуд. Сабо хост ўро фарёд зада хоҳиш кунад, ки дарро кушояд, вале аз худ, аз овоза шудани ин гап тарсид. Ў гумон кард, ки милиса ин қиссаро ба касе намегўяд ва бовар ҳам намекунад, ки дузд ин духтараки жўлидамўй аст.
«Сабр бикун!» – ба гўшаш омад ин овоз. Вале ў гумон кард, ки садопардаҳои гўшаш не, балки дилу ҷонаш ларзид. Ин сухан мисли заҳри шифобахш зери пўсташ давид. Мўи сараш сих шуд.
Ва баъд гўё ки мўи даққӣ ва пурчигилаш ба ҳам омада, парешон шудани тораҳоро намемонда бошанд ва гўё ки касе онҳоро зўран аз ҳам ҷудо мекарда бошад, бехи тораҳо дардманд шуданд. Духтарак аз ин чиз ба ваҳм омад ва дигар тоқат надошт, ки дар ин коҳдони пурвоҳима истад. Ў дарро дошта пуршаст пешу қафо кашида, тела дод. Дар кушода нашуд ва ҳамин вақт аз берун садои сурфае омад. Шарфаи пое ба дар наздик шуд ва касе қуфлро кушод. Он кас гўё дар чашмонаш чароғ дошта бошад, ба коҳдони тираю тор нигарист.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан