Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 349 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 349 аз 470 · 3 ноябри 2026

Сўҳбати рўёрўи онҳо тамом шуд, ки хомўш монданд.
Сабо дар сари равзана чаҳор дасту пояшро тира карда мисли гурба ба ҷаҳидан омода меистод, ки рафту милиса сахт гирад ва писаракро азоб диҳад, худро аз равзана ба рўи коҳтўдаи паст партояд. Вале равзана аз коҳ баланд, зиёда аз панҷ метр. «Чашмонамро мепўшаму мепартоям, ҳарчӣ бодо бод» – аз дил гузаронад Сабо.
«— Хайр, чӣ кор кунем?» – овози милиса омад.
Писарак бо ягон ишора ба ў ҷавоб гардонд, ки садояш набаромад.
«— Бурда қава кунам? Чӣ кор кунам?»
«— Ба каси бегуноҳ чӣ ҷазое раво бошад...»
Гапи Ҳусен тамом нашуда, милиса гўё ки ба касе «нигоҳ кун, ў чӣ мегўяд» мегуфта бошад, садояшро баланд кард: «Ҳо-ҳо, боз шон бегуноҳ ҳам будаанд... Ҳамин хел-а? Намегўӣ-а?!» ва ў аз Ҳусен ҷавоб нагирифта, Сабо мисли варзишгарон, ки аз трамплин худро ба об меандохта бошанд, аз равзана рўи коҳ парид. Аз рўи тўдаи коҳ ғелида пеши пои милиса рафт ва бархоста бе ягон биму ҳарос «мана ман!» гуфт.
— Кӣ ту? – пурсид милиса.
— Касе, ки шумо кофта гаштаед...
Милиса ҳайрон буд.
— Бандед, барбандед! – ҷуръат карда садо баровард Сабо.
Милиса ба ҷавон менигаристу ба духтар.
— Чӣ, ҳамроҳ дуздӣ кардед? – чӣ кор кардан ва чӣ гуфтанро надониста, фармуд милиса.
— Не, ман як худам, – ҷавоб дод Сабо.
— Чӣ-ӣ!!!
— Дузд ин не, ман!
— Номаъқул накун, баро аз ин ҷо! Гум шав! – беилоҷ монда дод зад милиса.
— Ман – дузд, дузд – ман!.. – иқрор кард духтар, вале милиса бовар надошт.
— Чӣ хел дузд-ту?.. Одамон дидаанд, ки ин бачча дуздидааст, ту ошнои падаратро милиса дида худро ба ҷои дузд мегузорӣ.
— Не, ман тамоман бепушту паноҳ ҳастам ва ин корро ман дидаю дониста кардам, ки...
— Бас!!! – гапи духтаракро бурид милиса. – Моиндарат ба ман гуфт, ки ту кайҳо мурдаӣ, – сахт гуфт милиса ва намедонист, ки ин гап чӣ кадар ба духтарак ва ҳатто ба Ҳусен сахт мерасад.
— Мурда будам, лекин барои он ки дигарон намуранд, зинда шуда ҳамин корро кардам.
— Кадом корро?
— Дуздиро...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан