Ў мисли тимсоҳ худро ақиб кашида, аз даҳони равзана каме дур шуд ва гўш ба дарун дод. Дергоҳ интизор шуд ва баъди беқарориҳо садои кушода шудани дарро шунид.
«— Канӣ, бачча, ҳамроҳи ман меравӣ ё не?» – овози милиса баромад.
«— Баред, меравам, лекин ман гуноҳ надорам», – ҷавоб дод Ҳусан.
«— Набошад, чаро туро дузд мегўянд?»
«— Намедонам. Ман ба ҳабдаҳ даромада, ҳоло хаси касеро аз ҷо беҷо накардаам».
Сабо хеле интизорӣ кашид, вале дигар садое нашунид. Ў каме якрўя шуда гўши чап ба равзана дошт, то боз чӣ гапҳое шунавад, вале ў намедид, ки милиса чӣ зайл дастаи тозиёна ба кафи дасти чап зада ба хаёл рафтааст.
Ў садои тап-тапро мешунавад, аммо муайян карда наметавонад, ки кӣ ва ё чиро мезананд. Духтарак интизор, ки ҳозир милиса ягон чиз мегўяд ва бо ҳамин масъала ҳал мешавад. Писарак ҳам гўшбақимор аст, ки милиса аз ў мепурсад ва ў «Не, дузд ман не, ба ҳар чӣ қасам диҳед, майлатон, дузд ман не» мегўяд. Ба ў бовар мекунанд.
Духтараки нотарс – Сабо чиро интизор аст, ки «дузд – ман»
гуфта ҷони писаракро халос кардан намехоҳад. Аз афти кор, то танг омадани ҳалқа ў интизор мешавад ва ё ташвишҳои шаборўзии ў ғайрат ва дилу гурдаи «ҷавонмардона»-ашро суст кардаанд, ки намеёрад гап занад, вагарна вай чашмони фурўрафтаашро нимкоф карда ва лабони нафисашро ба ҳам нарасонда, дар як нафаскашӣ ҳамаашро гуфта, дигаронро аз хиҷолат мебаровард. Худи ў ҳоло мешунавад, ки дилаш пушти бом мекўбад. Тапиши дил ба гўшаш халал медодагӣ барин нафас ба дарун мекашад... Сақфи синаашро мебардорад, ки бори дил сабуктар шавад, вале нафаси ба дарун кашида зўрӣ карда то гулў омад, то зада барояд ва ё дили беқарорашро тарконад. «Ҳа-ҳа-ҳа-ҳа» якбора нафас кашид ў ва дамаш баромада сари дилаш сабук шуд.
«— Маълум, ки ту ба нағзӣ ҳеҷ чиз намегўӣ» – садои дурушти милиса омад, ки писаракро тарсондан мехост.
«— Гўям, бовар макунед, чӣ кор кунам?» – овози ларзони писарак баромад.
«— Не, ту ҳоло росташро нагуфтаӣ, зўр ояд, мегўӣ, вақте ки ба ҷои ту дигаронро ба шиканҷа кашиданд, мегўӣ ва ё ҳеҷ набошад, инсоф мекунӣ, инсоф касро ростгўву ростқавл созад. Мегўӣ, вассалом... Ҳамаро фанд кунӣ ҳам, маро фанд карда наметавонӣ...»
«— Не амак, ман шуморо фанд намекунам. Мо дар ин мулк ғариб. Ин борро ба гардани ман партофтанд, лекин ман дуздӣ накардаам».
«— Дар ин деҳа дигар каси ин корро мекардагӣ нест...»





