Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 347 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 347 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Хап истам? Ман хап истам-а? Ту ҳар кор кунӣ, майлат-а?
Барои ҳамин мо хун рехтем? Барои ҳамин мо мубориза бурдем?
А? Гап зан! Барои ҳамин мо аз торикӣ ба равшанӣ баромадем, дунёи дигар сохтем? А? Барои ҳамин?.. Ту милиса, одами калон, чашми давлат... бояд ки мўйро аз хамир ҷудо кунӣ...
— Аввал пурсишу баъд кушиш, мегўед-ку!
— О-о, бар падарат раҳмат... пурс, пурс, ки ҳамин бачча дуздида метавонад ё не. Ин баччаро ман медонам, хасро беҷо намекунад...
— Гуфтам-ку, мепурсем, тафтиш мекунем... – лаҷоми аспро аз дасти амаки Амон раҳо карданӣ шуда кашид милиса.
— Ман лаҷоми аспи туро намехўрам. Ана, – гўён лаҷоми аспи милисаро раҳо кард ва тез-тез нафас кашидан гирифт.
— Ором шавед, бе шумо ўро намепурсам, – гуфта милиса амаки Амонро ором кард ва Ҳусенро пеш андохта бурд. Ўро ба коҳдони паҳлўи говхонаи колхоз ҷо кард. Баъд дарро қуфл зада, ба аспаш савор шуда, сўи тангӣ роҳ сипард. Амаки Амон ҳам аз пайӣ ў рафт.
Абдулло-селпо аллакай аз байни издиҳом ғайб зада буд.
Сабо пай бурд, ки милиса аз пайи ҷустуҷўи ў афтидааст, худро қафо кашида, ба саҳни говхона даромад. Атрофро аз назар гузаронида касеро надид ва аз нўкчўбӣ дошта маймунвор пушти боми коҳдон баромад. Дилғеҷ сари равзанаи коҳдон, ки коҳи қанорҳоро аз он ҷо ба коҳдон мерезанд, рафт. «Бачча, ҳо бачча!»
оҳиста садо кард ў. Вале ҷавобе нашунида боз овоз дод: «Хобат бурд, Ҳусен?»
— Не! Чӣ мегўӣ?
— Ресмон партоям, мебароӣ?
— Не. – Аз пас ба боло нигариста, Саборо дида, гуфт писарак.
Сабо як сар бардошта атрофро аз назар гузаронд ва боз сар фурў карда ба гап даромад:
— Ман медонам, ки ту дузд не, намехоҳам, ки беҳуда нобуд шавӣ...
— Ҳум, – заҳрханда кард Ҳусен.
— Охир, ту гуноҳ надорӣ!
— Тўҳмати ногаҳон бадтар аз гуноҳ...
— Не, Ҳусен, гунаҳгор касоне, ки доранду намедиҳанд...
Сабо боз сар бардошта ба роҳи сўи хонаашон нигашт ва ин дафъа саросема шуда ба ў гуфт:
— Ҳусен, не гуфтӣ, ана милиса ҳам омад, лекин ту хафа нашав, ман туро халос мекунам.
— Чӣ хел?!
— Ҷимм!!! – аигушт ба лаб гузошта гуфт ў. Духтарак дар умраш се бор арақ кард: он шабе, ки синаи говро макида буд, вақте, ки халтаи ордро бардошта мебурд ва ҳозир, ки омадани милисаро дид.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан