Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 346 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 346 аз 470 · 3 ноябри 2026

Сабо баробари аспро дидан бозистод. Аз байни одамон як қомати баланди шапкаи милиса пўшида менамуд. Гоҳ-гоҳе сараш хам мешуд. Сабо пештар рафта аз байни одамон нигарист, ки милиса дасти писаракро пушт мебандад.
— Охир, барои чӣ, милиса?! – наздик омада дод мезад марди қоматхамида. – Чӣ гуфта дасти ўро пушт мебандӣ?
— Баъд ҳамааш маълум мешавад, – ба пирамарди хамидақомат нигоҳ ҳам накарда ҷавоб дод милиса.
— Хайр, ту пурс, ки ў чӣ дуздидааст ва дуздии ўро кӣ дидааст?
Медуздид, ба хона намеовард?..
— Ҳамаашро мепурсем. Ҳар кор ҳисоб дорад...
Сабо дандон месоид. Сухани ў ғулғула карда то нўги забон меомад, то воқеаро ҳикоят кунад, вале дандонҳояш нўги забонашро мегазиданд: «Не, ҳоло нагўй, ҳоло ту даркор, ҳоло ту бояд онҳоро ғорат кунӣ... Дар деҳа ҳама баробар, ки шуд, он гоҳ рафта мегўӣ» андеша мекард Сабо. Ў милисаро танҳо ёфта сирру савдоро гуфтанӣ буд...
Гўйӣ муддаои дили ўро касе фаҳмида аз байни мардум садо кард:
«Шояд дузд худи ту бошӣ?!»
Сабо ба сўи овоз нигарист, ки амаки Амон бо дасти сиҳаташ аз байни мардум роҳ кушода ба мобайн медарояд.
«Шояд дуздиро аз ту ёд гирифта бошад?!» – рост ба Абдуллоселпо нигоҳ карда гап мезад ў.
Мардум ҳайрон ба ҳамдигар, ба амаки Амону Абдулло-селпо ва милиса менигаристанд. Сабо худро паси одамон гирифт, ки амаки Амон ўро дида ба шоҳидӣ накашад.
Аммо Абдулло-селпо фақат мижа зада чизе гуфта наметавонист. Арзаш дар гулў печида буд. Зуд-зуд ба милиса менигарист, ки дами ўро гирад.
— Чӣ гап? – аз нигоҳи Абдулло-селпо мазмун гирифта пурсид милиса.
— Аз худаш пурс! – ба милиса ҳам паст наомад ў.
— Хайр, ҳамааш маълум мешавад! – гуфта бепарво писаракро пеш андохта бурданӣ буд, ки амаки Амон аз дасти писарак дошта қафо кашид.
— Ин дузд не, ин коргар, ҳамроҳи ман кор мекунад. Шаб хирман мекўфт. Гуфтам-ку, дузд вай, парершаб ба хирман барои дуздӣ омад. Ман одамгарӣ карда, «рав» гуфтам, ўро сахт надоштам.
— Медоштӣ! – хитоб кард милиса.
— Оқибаташро надонистам.
— Барои ҳамин хап ист...
Амаки Амон ҷиддӣ будани милисаро пай бурда якбора хун ба сараш зад ва тохта лаҷоми аспи ўро сахт дошт:

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан